Барфи аввал дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон. Дар Душанбе кай меборад?

Дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 18 октябр барфи аввал борид. Ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоби вилояти Суғд барфпӯш шуданд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар дигар вилоятҳои кишвар барф наборидааст. Дар Агентӣ гуфтанд, барфи аввал ҳамагӣ якчанд сантиметри қишри болои заминро пӯшонидааст. Ҳамчунин зикр шуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 18 октябр барфи аввал борид. Ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоби вилояти Суғд барфпӯш шуданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар дигар вилоятҳои кишвар барф наборидааст.

Дар Агентӣ гуфтанд, барфи аввал ҳамагӣ якчанд сантиметри қишри болои заминро пӯшонидааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе боридани барф дар назар нест. Соли гузашта барфи аввал дар Душанбе 17 ноябр борида буд.

Филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Facebook аксҳоро аз барфи аввал дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок нашр кард. 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз боридани барфи аввал наворҳои худро гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Агентӣ, имрӯз, 19 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои водибуда пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-100 дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар бештари манотиқи кишвар ба амал омадани боришот дар назар буда, боришоти нисбатан шиддатнок дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи  ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.

Бо сабаби боришоти бошиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба амал омадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якуякбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.