Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҷоизаи мусиқии «Tarona Music Award-2022». Беҳтаринҳо эълон хоҳанд шуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷоизаи мусиқии «Tarona Music Award-2022». Беҳтаринҳо эълон хоҳанд шуд

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

17-уми декабр дар толори консертии «Кохи Суруш»-и пойтахт чорабинии бошукӯҳ – маросими супурдани ҷоизаи мусиқии «Tarona Music Award-2022» баргузор мешавад. Чорабинии имсола ба 20-солагии таъсисёбии Радиои Азия-Плюс, нахустин радиои мустақил дар Душанбе, бахшида мешавад.

Манижа Ахмедова, директори ин радио мегӯяд, ки дар ин маросим ҳам маъруфтарин устодони саҳнаи тоҷик ва ҳам ситораҳои навраси кишвар ширкат хоҳанд кард. Дар чорабинии асосии мусиқии сол, ки охири соли 2022 баргузор мешавад, тамошобинон намоиши фаромӯшнашавандаро бо иштироки сарояндагони дӯстдоштаи худ метавонанд бубинанд.

Ҷоизаи «Tarona Music Award шакли нави ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” аст, ки Радиои Азия-Плюс соли гузашта ба ифтихори 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дубора эҳё кард. Бори аввал ин чорабинӣ аз ҷониби Азия-Плюс моҳи майи соли 2003, дар толори консертии «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор шуда буд.

“Суруди сол” баъдан аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пуштибонӣ ёфт. Ӯ шахсан ба ин маросим ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат ва аъзои порлумон омада, ҳатто дар саҳна суруди "Гӯшаи бом"-ро ҳамроҳ бо овозхони маъруф Сироҷиддин Фозилов иҷро кард. Пас аз ин раисиҷумҳур рост дар толор эълон кард, ки аз ин ба баъд 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мешавад.

Аз он замон то кунун маросими супоридани ҷоизаи мусиқии "Азия Плюс" пайваста яке аз рӯйдодҳои дурахшон дар ҳаёти мусиқии Тоҷикистон эътироф мешавад.

Кӣ барандаи ҷоизаи мусиқии Тарона дар соли 2022 шуд, мо ба зудӣ эълон хоҳем кард – бохабар бошед!

Ҷоизаи мусиқии Тарона соли гузашта чӣ гуна буд, дар шарҳи кӯтоҳ бубинед.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.