Ҷоизаи мусиқии «Tarona Music Award-2022». Беҳтаринҳо эълон хоҳанд шуд

17-уми декабр дар толори консертии «Кохи Суруш»-и пойтахт чорабинии бошукӯҳ – маросими супурдани ҷоизаи мусиқии «Tarona Music Award-2022» баргузор мешавад. Чорабинии имсола ба 20-солагии таъсисёбии Радиои Азия-Плюс, нахустин радиои мустақил дар Душанбе, бахшида мешавад. Манижа Ахмедова, директори ин радио мегӯяд, ки дар ин маросим ҳам маъруфтарин устодони саҳнаи тоҷик ва ҳам ситораҳои навраси кишвар ширкат […]

17-уми декабр дар толори консертии «Кохи Суруш»-и пойтахт чорабинии бошукӯҳ – маросими супурдани ҷоизаи мусиқии «Tarona Music Award-2022» баргузор мешавад. Чорабинии имсола ба 20-солагии таъсисёбии Радиои Азия-Плюс, нахустин радиои мустақил дар Душанбе, бахшида мешавад.

Манижа Ахмедова, директори ин радио мегӯяд, ки дар ин маросим ҳам маъруфтарин устодони саҳнаи тоҷик ва ҳам ситораҳои навраси кишвар ширкат хоҳанд кард. Дар чорабинии асосии мусиқии сол, ки охири соли 2022 баргузор мешавад, тамошобинон намоиши фаромӯшнашавандаро бо иштироки сарояндагони дӯстдоштаи худ метавонанд бубинанд.

Ҷоизаи «Tarona Music Award шакли нави ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” аст, ки Радиои Азия-Плюс соли гузашта ба ифтихори 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дубора эҳё кард. Бори аввал ин чорабинӣ аз ҷониби Азия-Плюс моҳи майи соли 2003, дар толори консертии «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор шуда буд.

“Суруди сол” баъдан аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пуштибонӣ ёфт. Ӯ шахсан ба ин маросим ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат ва аъзои порлумон омада, ҳатто дар саҳна суруди "Гӯшаи бом"-ро ҳамроҳ бо овозхони маъруф Сироҷиддин Фозилов иҷро кард. Пас аз ин раисиҷумҳур рост дар толор эълон кард, ки аз ин ба баъд 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мешавад.

Аз он замон то кунун маросими супоридани ҷоизаи мусиқии "Азия Плюс" пайваста яке аз рӯйдодҳои дурахшон дар ҳаёти мусиқии Тоҷикистон эътироф мешавад.

Кӣ барандаи ҷоизаи мусиқии Тарона дар соли 2022 шуд, мо ба зудӣ эълон хоҳем кард – бохабар бошед!

Ҷоизаи мусиқии Тарона соли гузашта чӣ гуна буд, дар шарҳи кӯтоҳ бубинед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.