Қазоқистону Ӯзбекистон доир ба гирифтани об аз Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ созиш ҳосил карданд

Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли об тариқи обанбори “Баҳри тоҷик” (собиқ Қайроққум), ки аз Тӯхтагул партоб мешавад, созиш ҳосил кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев. Ин ҷо сари интиқоли об аз ҷониби Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ, ки Қазоқистон аз ҳисоби ҳиссаи Қирғизистон дар […]

Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли об тариқи обанбори “Баҳри тоҷик” (собиқ Қайроққум), ки аз Тӯхтагул партоб мешавад, созиш ҳосил кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев.

Ин ҷо сари интиқоли об аз ҷониби Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ, ки Қазоқистон аз ҳисоби ҳиссаи Қирғизистон дар дарёи фаромарзии Сирдарё мегирад, сухан меравад.

“Ҳамчунин шартҳои истифодаи обанбори “Баҳри тоҷик” низ мувофиқа шуданд. Шартҳои мазкур дар шаҳри Душанбе дар протоколи сеҷониба (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) зикр шудааст”, – гуфтааст Брекешев.

Дар хабар саҳеҳ маълумот дода намешавад, ки ба ивази захираҳои обӣ аз ҳисоби лимити Тоҷикистон ин кишварҳо чӣ медиҳанд.

Тобистони соли равон зикр шуда буд, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистон реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик”-ро дар давраи авҷи мавсими обёрӣ бо Тоҷикистон мувофиқа мекунанд, то ки кишоварзони вилоятҳои Қизилорда ва Туркистон бо об таъмин карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки солҳои ахир дар минтақаҳои ҷануби Қазоқистон камбуди об ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими обёрии соли гузашта Қазоқистон ба ивази об ба Тоҷикистон техника ва бо нархҳои дастрас сӯзишворӣ дод.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) 1 млрд 910 млн метри мукааб муқаррар мешавад. Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.