Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад

Президенти Федератсияи байнулмилалии бокс – AIBA, мансабдори маъруфи соҳаи варзиши Русия Умар Кремлёв дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо хоҳиши падараш ба зодгоҳи таърихии худ – Ҳисор омадааст. Ӯ ваъда додааст, ки дараи Алмосиро обод карда, роҳро таъмиру навсозӣ мекунад ва инчунин маҷмаааи савдову хидматрасонӣ ва мактаби таълиму машқи бокс месозад. Ӯро раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Президенти Федератсияи байнулмилалии бокс – AIBA, мансабдори маъруфи соҳаи варзиши Русия Умар Кремлёв дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо хоҳиши падараш ба зодгоҳи таърихии худ – Ҳисор омадааст. Ӯ ваъда додааст, ки дараи Алмосиро обод карда, роҳро таъмиру навсозӣ мекунад ва инчунин маҷмаааи савдову хидматрасонӣ ва мактаби таълиму машқи бокс месозад.

Ӯро раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва собиқ муовини сарварзири кишвар Муродалӣ Алимардонов ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ инчунин, падари Умар Кремлёв – Назар Сафаров, айни замон шаҳрванди Русия ва зодаи деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ мебошад, ҳузур дошт.

Зимни суҳбат бо раиси шаҳр, Умар изҳор намудааст, ки бо хоҳиши падараш тасмим гирифтааст, ки як гӯшаи Тоҷикистон, зодгоҳи волидонаш – деҳаи Гулхонаи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро дар дараи Алмосӣ обод кунад.

Дар лоиҳаи аввал таъмиру навсозии қитъаи роҳи 20-километрии оғозаш аз шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода пешбинӣ гардидааст. Қитъаи роҳ мутобиқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ таъмиру таҷдид хоҳад шуд.

Боз кардани он то охири тобистони соли равон – дар остонаи ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Кремлёв ҳамчунин ваъда додааст, ки дар маркази ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ маҷмааи бузурги савдо ва хидматрасонӣ бунёд мекунад.

Бо пешниҳоди Қосим Роҳбар дар маркази шаҳри Ҳисор Умар Кремлёв мактаби таълиму машқи бокс боз карда, он ба номи Назар Сафаров гузошта мешавад.

Умар Кремлёв аз 12 декабри соли 2020 ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) кор мекунад.

Ба иттилои ВАО-и Русия, ӯ 1 ноябри соли 1982 дар оилаи Назар Сафаров ва Олга Кремлёва ба дунё омадааст.

Дар Академияи давлатии хоҷагии коммуналӣ ва сохтмони Маскав маълумоти олӣ гирифтааст.

Соли 2018 Кремлёв ба Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) пазируфта шуда, аввалин намояндаи Русия дар ин ниҳод буд.

Пас аз барканор шудани Ғафур Раҳимов, соли 2020 Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) номзадии Кремлёвро ба мансаби президентӣ бо аксарияти овозҳо маъқул донист.

Дар саҳифаи "Instagram"-аш Кремлёв ҳамчун шахсият муваффақ – варзишгар, роҳбар ва инсони хайрхоҳу эҳсонкор таҷассум меёбад.

… Ғафур Раҳимов соҳибкор аст. Соли 2019 дар робита ба нақшаи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар робита ба  барномаи бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио хориҷ кардани  бокс бо сабаби интихоби Раҳимов, ки ба алоқа доштан бо олами ҷиноӣ айбдор мешуд, аз мансаб истеъфо дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио