Мунаққидон ва театршиносон натиҷагӣ мекунанд. Имрӯз ҷашнвораи “Парасту-2023” ҷамъбаст мешавад

Имрӯз, 4-уми май, соати 17:30 ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад шуд. Пеш аз маросими ҷамъбаст таҳти унвони “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо муҳокима мекунанд. Дирӯз, 3-уми май, охирин намоишномаи фестивал-озмун “Пораабри сафеди Чингизхон” дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ манзури бинандагон гардид. Он аз […]

Asia-Plus

Имрӯз, 4-уми май, соати 17:30 ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад шуд. Пеш аз маросими ҷамъбаст таҳти унвони “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо муҳокима мекунанд.

Дирӯз, 3-уми май, охирин намоишномаи фестивал-озмун “Пораабри сафеди Чингизхон” дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ манзури бинандагон гардид. Он аз рӯи асари Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз ва дар коргардонии Султон Усмонов рӯи саҳна оварда шуд.

“Пораабри сафеди Чингизхон” намоишномаи фоҷеавӣ буда, он дар бораи ошиқии Эрденеву Догуланг, таваллуд шудани писар аз робитаи онҳо ва қатли ошиқон аз ҷониби хидматгорони Чингизхон буд.

Тамошобинон аз ороиши саҳна ва кори ҳунармандон васф карданд, аммо ба мазмун ва муҳтавои “Пораабри сафеди Чингизхон” эрод гирифтанд: “намоишнома миллӣ кунонида нашуда буд”.

Мо назари аъзои ҳакамонро дар робита ба ин намоишнома пурсон шудем, вале аз ибрози назар худдорӣ карда, гуфтанд, “дар нишасти “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” ҳамаи намоишномаҳоро баррасӣ хоҳем кард”.

Имрӯз соати 14:00 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нишасти мунаққидон ва театршиносон таҳти номи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор гардида, онҳо андешаҳои худро дар бораи асарҳои ба фестивал-озмуни “Парасту-2023” пешниҳодшуда ироа мекунанд.

Ҳаводорон ва тамошобинони театр ҳам имкон доранд, ки дар ин ҷамъомад ширкат кунанд.

Ҳамин тавр, имрӯз соати 17:30 дақиқа дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пӯшидашавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” баргузор мешавад.

Имсол рӯзи 27-уми апрел ҷашнвораи “Парасту-2023” оғоз шуд ва дар он ҳамаи 18 театрҳои касбии Тоҷикистон бо беҳтарин намоишномаҳои худ иштирок карданд.

Бояд гуфт, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки шоҳҷоизаи “Парасту-2021”-ро намоишномаи “Садои Қу”-и Театри давлатии драммаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом соҳиб шуда буд.

Дар ҷашнвораи ду соли пеш ҷойи якумро намоишномаи “Нидои Умари Хайём”-и Театри давлатии драммаи русии ба номи В. Маяковский ишғол намуд. Театри вилоятии мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов бо намоишномаи “Бежан ва Манижа” сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар озмуни “Парасту – 2021” Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хоруғ бо намоишномаи “Лаъли Бадахшон” ҷойи сеюмро соҳиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио