Нархи “Ҳаҷ-2023” маълум шуд. Он нисбат ба соли гузашта арзонтар аст

Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли 2022 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар мебошад. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки нарх дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян […]

Asia-Plus

Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли 2022 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар мебошад. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки нарх дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.

Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла, чиптаи рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб доир ба ҳаҷ ва бейҷикҳоро дар бар мегирад.

Ин ниҳоди динии кишвар гуфтааст, сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10-уми июн то 20-уми июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷараён мегирад.

Қаблан, Кумитаи дин хабар дода буд, ки Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард ва созишнома замоне ба имзо расид, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита дар Арабистони Саудӣ қарор дошт.

Имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими Ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Дар пасманзари пандемия, мақомоти Арабистони Сайдӣ дар солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зоирин ва дар соли 2022 1 миллион нафарро иҷозат доданд то ба зиёрати Ҳаҷ раванд. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65 – сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонанд ба Ҳаҷ сафар кунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари Ҳаҷ барои ҳар як зоирин соли гузашта беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медод.

Ҳамчунин, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба қаллобон бовар накунанд ва дар сурати ба доми онҳо афтодан ба Кумита ва ниҳодҳои зертобеи он муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола, бо оғози мавсими Ҳаҷ мақомот аз мавридҳои қаллобӣ бо ваъдаи фиристодан ба зиёрати хонаи Худо хабар медиҳанд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон ВКД дар як гузориши худ аз боздошти марди 73-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки бо баҳонаи фиристодани аҳолӣ ба ҳаҷ аз 4 мард қариб 24 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати худ истифода кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио