Саттор Турсунро дар Оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, шаби гузашта, 5-уми июн, бар асари бемории саратони ғадуди зери меъда дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи пайвандонаш, нависанда дар сесолаи ахир аз ин беморӣ ранҷ мекашид ва табобат мегирифт, наздики соати 22:00 дар хонааш аз олам чашм пӯшид. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, шаби гузашта, 5-уми июн, бар асари бемории саратони ғадуди зери меъда дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, нависанда дар сесолаи ахир аз ин беморӣ ранҷ мекашид ва табобат мегирифт, наздики соати 22:00 дар хонааш аз олам чашм пӯшид. Ӯ 77 сол дошт.

Маросими видоъи Саттор Турсун имрӯз, соати 12:00 дар назди хонааш, кӯчаи Асадулло Ғуломов 3 (рӯбарӯи  “Автовакзал”), баргузор шуда, соати 13:00 дар Масҷиди марказии пойтахт ҷаноза мешавад.

Ин Нависандаи халқии Тоҷикистонро дар Оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Аҳли қаламу адаб даргузашти Саттор Турсунро талафоти бузург дар ҷомаеи адаби Тоҷикистон унвон карда, саҳми ӯро дар адабиёти тоҷик беназир медонанд. 

Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушода буд.

Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистонро хатм кард. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кард.

Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Соли 1993 аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд.

Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.

Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976-1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот» маъруф аст. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад. Соли 1994 нависанда Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон гардид, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони нависанда ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.