“Вагонро кӣ оташ зад?” Додгоҳи Русия гумонбарони оташзании макони зисти муҳоҷиронро бегуноҳ донист

Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия чор шаҳрванди ин кишварро, ки ба оташ задани макони зисти муҳоҷирони тоҷик ва куштори  ду нафар гумонбар дониста мешуданд, бегуноҳ эътироф карда, аз толори додгоҳ озод кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба суханони наздикони ҷабрдидаҳо хабар медиҳад. Наздикони муҳоҷирони ҷабрдида гуфтаанд, ки рӯзи 1-уми август додрас як пулис […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия чор шаҳрванди ин кишварро, ки ба оташ задани макони зисти муҳоҷирони тоҷик ва куштори  ду нафар гумонбар дониста мешуданд, бегуноҳ эътироф карда, аз толори додгоҳ озод кардааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба суханони наздикони ҷабрдидаҳо хабар медиҳад.

Наздикони муҳоҷирони ҷабрдида гуфтаанд, ки рӯзи 1-уми август додрас як пулис ва се сокини маҳалиро комилан бегуноҳ дониста, раҳо кардааст.

Ин чор нафар ба он айбдор мешуданд, ки шаби 12-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии Иркутск ба вагоне, ки ҳафт муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекарданд, ҳуҷум карда, онро оташ заданд.

Дар натиҷаи сӯхтор, Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд. Дар пайи ин, мақомоти Русия чор ҳамроҳаи кушташудагон – муҳоҷирони ҷабрдида Маҳмадтоҳир Ашуров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт кардаанд.

Таҳқиқи парвандаи онҳо то ҳол анҷом наёфтааст ва ҳамаи онҳо дар боздошт боқӣ мемонанд.

Ба навиштаи матбуоти Русия рӯзи сар задани ҳодиса муҳоҷирон бо чанд сокини маҳаллӣ баҳс кардаанд ва сокинон ҳамроҳ бо як милиса шабона ба макони зисти муҳоҷирон ҳамла кардаанд.

Мақомоти Русия баъди эътирози ниҳодҳои Тоҷикистонг нисбат ба як корманди Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Иркустк ва се ҷавони маҳаллӣ парванда боз кард. Гуфта мешавад, ки се тан аз онҳо баръакси муҳоҷирони тоҷик дар боздошт набуданд.

Дирӯз, 1-уми август додраси мурофиа гуфтааст, ки афсари пулис ва се сокини маҳаллӣ ҳеч гуноҳе надоранд. Ҳарчанд, шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки худи онҳо ба гуноҳашон дар чанд мурофиа иқрор шуда буданд. "Онҳо аз ҷабрдида узр пурсида, гуфта будаанд, ки аз сари эҳсос вагони муҳоҷиронро оташ задаан" вале додгоҳ онҳоро раҳо кардааст.

Як тан аз ҷабрдидагон ба пайвандонаш нақл кардааст, ки вақте аз додрас пурсид, агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас вагонро кӣ оташ зад ва кӣ косахонаи сари ӯро шикаст, додрас посухе надодааст.

Ду сол пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти рус талаб карда буд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ кунанд. Модари чаҳор муҳоҷири боздоштшуда низ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия нома навишта, ба бегуноҳии фарзандонашон таъкид карда буданд.

Наздикони ҷабрдидаҳо ва муҳоҷирони фавтида ҳукми додгоҳи Иркутскро дар мавриди раҳоии чор муттаҳам маҳкум карда, онро як намунаи барҷастаи ноадолатии Русия ва таҳқири ғайрирусҳо медонанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳукм нишон дод, ки дар Русия ҳарфи мақомоти тоҷик ва муҳоҷирони тоҷик ҳеч таъсире надорад ва онҳоро ҷиддӣ намегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.