“Нақша иҷро нашуд”. Маркази миллии тестӣ барои довталабон як имконияти дигар медиҳад

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо роҳандозии даври нави қабул ба довталабон имкони дигари донишҷӯ шуданро медиҳад. Ин тасмим дар пайи иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён гирифта шудааст. Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ, имрӯз, 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин марҳила комилан нав буда, дар он ҳама метавонанд иштирок кунанд, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо роҳандозии даври нави қабул ба довталабон имкони дигари донишҷӯ шуданро медиҳад. Ин тасмим дар пайи иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён гирифта шудааст.

Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ, имрӯз, 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин марҳила комилан нав буда, дар он ҳама метавонанд иштирок кунанд, аммо ҷой ва ихтисосҳо маҳдуд аст.

ММТ солҳои қаблӣ як даври асосӣ ва як даври такрориро барои довталабон ҷиҳати дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо баргузор мекард.

Соли гузашта, бо сабаби иҷро нагардидани нақшаи қабули донишҷӯён, даври сеюми такрорӣ баргузор карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ду даври такрорӣ онҳое ҳуқуқи иштирок карданро доштанд, ки дар даври асосӣ ноком шуда буданд.

Соли ҷорӣ бошад, баъди баргузории як даври асосӣ ва ду даври такрорӣ, даври комилан нави бақайдгирии довталабон ба роҳ монда мешавад, ки ҳадафи аслии он, боз ҳам пурра кардани нақшаи қабули донишҷӯён аст. Ва дар ин давр, ҳама, бо шумули онҳое, ки дар даври асосӣ иштирок накардаанд, метавонанд ширкат варзанд.

Сабзаалӣ Ҷаъфарзода мегӯяд, имсол ду даври такрории қабули донишҷӯён мутаносибан 12 – 15 ва 24 -26-уми август баргузор гашта, даври нави бақайдгирии довталабон моҳи сентябр ба роҳ монда мешавад.

Директори ММТ таъкид мекунад, ки “дар даври комилан нав теъдоди ихтисосҳо маҳдуд аст” ва онҳое комёр мешаванд, ки ихтисосҳои дар даврҳои қаблӣ холимондаро интихоб кардаанд.

“Довталабоне, ки дар се даври аввали бақайдгирӣ ба тақсимот роҳ ёфтанд ва комёб гардида, ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳхат гирифтанд, беҳтар аст тибқи роҳхати соҳибшудаашон таҳсил кунанд”, – ҳушдор дод роҳбари ММТ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадлаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст. Яъне дар даври аввали тақсимоти ММТ беш аз 59 ҳазор довталаб ҳаққи донишҷӯ шуданро пайдо кардаанд. Дар ҳоле ки нақшаи қабул, ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, беш аз 110 ҳазор муқаррар шуда буд.

Роҳбари ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.