Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз шаҳрванди ду кишвар будани худ хабар диҳанд?

Вазорати корҳои хориҷии Русия пешниҳод кардааст, ки русиягиҳое, ки шаҳрвандии боз як кишвари дигарро доранд, бояд дар давоми 60 рӯз дар ин бора намояндагиҳои дипломатии Русияро огоҳ кунанд. Оё ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, дахл дорад? Аз моҳи октябри соли ҷорӣ тартиби нави огоҳӣ дар бораи душаҳрвандӣ мавриди амал қарор мегирад. Тибқи қонун, […]

Вазорати корҳои хориҷии Русия пешниҳод кардааст, ки русиягиҳое, ки шаҳрвандии боз як кишвари дигарро доранд, бояд дар давоми 60 рӯз дар ин бора намояндагиҳои дипломатии Русияро огоҳ кунанд. Оё ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, дахл дорад?

Аз моҳи октябри соли ҷорӣ тартиби нави огоҳӣ дар бораи душаҳрвандӣ мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи қонун, шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ва ҳамзамон шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, вазифадоранд, ки дар ин бора ба давлат хабар диҳанд. Акнун ин тартиб тезтар ва осонтар мешавад.

Аммо оё ин барои тоҷикистониёне, ки душаҳрвандӣ доранд, лозим аст?

Ин чӣ қонун аст?

Соли 2014 др Русия шакли навшудаи қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии ФР” мавриди амал қарор гирифта, мутобиқи он шахсони дорои душаҳрвандӣ уҳдадор шуданд, ки дар бораи шаҳрвандии дигар кишварҳоро доштанашон хабар диҳанд. Ба ҷуз шаҳрвандӣ, хабар додан дар бораи дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар ҳуқуқ медиҳанд, масалан Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) низ лозим шуд.

Риоя накардани қонун чӣ пайомадҳое дошта метавонад?

Агар шумо огоҳинома дар бораи доштани шаҳрвандии дигар кишвар ё Ҳуҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-ро саривақт ирсол накунед, дар ин ҳолат ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ва агар шумо онро тамоман нафиристед, пас ба шумо аллакай ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад: то 400 соат корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл ё баробар ба маоши шумо дар як сол.

Ин қонун кайҳост, ки қабул шуда буд. Чаро боз ҳама дар бораи он мегӯянд?

Аввал, моҳи октябри соли ҷорӣ тағйироту иловаҳо ба қонун эътибор пайдо мекунанд. Онҳо ба соддакунии расмиёти огоҳ кардан дар бораи шаҳрвандӣ ё ВНЖ равона шудаанд, акнун чунин огоҳиномаро натанҳо аз қаламрави Русия, балки аз сафоратхонаҳои дигар кишварҳо ҳам фиристодан мумкин аст.

Сониян, баъзе сарчашмаҳо бар ин назаранд, ки ин модда метавонад бо мақсадҳои сиёсӣ истифода шавад.

Масалан, мутобиқи он алайҳи Леонид Гозман ва муҳаррири”Медиазона” Петр Верзилов парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуданд.

Азбаски қонун навсозиву такмил дода мешавад, метавон тахмин кард, ки дар ояндаи наздик тафтиши далелҳои «хабар надодан» дар бораи шаҳрвандии дигар кишвар бештар мешавад.

Оё шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам бояд дар бораи душаҳрвандашон хабар диҳанд?

Ҳама бояд дар бораи доштани душаҳрвандиашон огоҳинома ирсол кунанд… Ба ҷуз тоҷикистониён! Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро гирифтаанд, аз ирсоли огоҳинома озоданд.

Ин ба он вобаста аст, ки кишварҳо дар бораи душаҳрвандӣ байни ҳамдигар шартнома ба имзо расонидаанд.

Ҳамин тариқ, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои пур кардани варақаи огоҳинома ба Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) муроҷиат намекунанд ва барои ин ҷазо намегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.