Пас аз афзоиши нархи сӯзишворӣ. Дар Суғд автобусҳо аз фаъолият монданду дар Бадахшон роҳкиро боло рафт

Дар пайи афзоиши нархи сӯзишворӣ роҳкиро дар Бадахшон баланд шуда, дар вилояти Суғд ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ муваққатан қатъ гардидааст. Кишвар Амиршоев, сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз 2-юми ноябр дар шаҳри Хоруғ роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ баланд бардошта шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид қарори шаҳрдори Хоруғ Ризо Назарзода […]

Asia-Plus

Дар пайи афзоиши нархи сӯзишворӣ роҳкиро дар Бадахшон баланд шуда, дар вилояти Суғд ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ муваққатан қатъ гардидааст.

Кишвар Амиршоев, сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз 2-юми ноябр дар шаҳри Хоруғ роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ баланд бардошта шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид қарори шаҳрдори Хоруғ Ризо Назарзода баромад ва роҳкирои “Тангем” аз 2 сомонӣ ба 2 сомониву 50 дирам ва автобусҳо аз 1 сомониву 50 дирам ба 2 сомонӣ бардошта шуд.

“Ин қарор дар пайи қимат шудани нархи сӯзишвории дизелӣ дар ВМКБ гирифта шуд: қаблан ин навъи сӯзишворӣ 9 сомониву 80 дирам буд; ҳоло он қариб 12 сомонӣ аст”, – гуфт сухангӯи ВМКБ.

Дар ҳамин ҳол, аз шӯъбаи нақлиёти вилояти Суғд ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз 26-уми октябр фаъолияти автобусҳо муваққатан боздошта шудааст.

“Қатъи ҳаракати автобусҳо муваққатӣ аст ва талош доред, ин мушкил зудтар ҳал гардад”, – гуфт як манбаъ аз шӯъбаи нақлиёти вилояти Суғд.

Сабаби боздошти фаъолияти ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шимоли кишвар ҳам баланд шудани нархи сӯзишворӣ гуфта мешавад. Аммо ҳоло дар шаҳри Хуҷанд нархи роҳкиро мисли пештара боқӣ мондааст.

Ба қавли Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон нархи роҳкирои нақлиёти дохилишаҳрӣ тағйир наёфтааст. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сокинони ин вилоят шикоят мекунанд, ки роҳкиро аз Душанбе ба навоҳии вилояти Хатлон ба таври назаррас гарон шудааст ва ронандагон сабаби инро ба афзоиши нархи гази моеъ иртибот медиҳанд. Бисёре аз мусофирони самти Хатлон иддао доранд, ки ронандагон ба таври сунъӣ роҳкироро боло бардоштаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар пайи гарон шудани нархи газу бензин дар шаҳри Душанбе низ нархи кирокашҳои “мардумӣ” (5-сомонӣ), ки соли гузашта 7 сомонӣ шуда буд, тайи ду ҳафта инҷониб то 10 сомонӣ баланд шуд.

Нархи гази моеъ то 8 сомониву 30 дирам боло рафт

Тайи як моҳи ахир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе нархи гази моеъ барои 1 литр аз 6 сомониву 10 дирам то 8 – 8 сомониву 30 дирам боло рафт. Қимати ин навъи сӯзишворӣ дар манотиқи кишвар боз ҳам баландтар зикр мешавад.

Намояндагони сохторҳои дахлдор болоравии нархи гази моеъро ба боло рафтани қимати он дар кишварҳои содиркунанда рабт доданд.

Болоравии қимати гази моеъ дар пасманзари набудани он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида мешавад. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки дар ҷустуҷӯи ин навъи сӯзишворӣ аз як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба нуқтаи дигари сӯзишворӣ саргардон шуда, дар навбат меистанд.

Оид ба сабабҳои болоравии арзиши гази моеъ ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон метавонед аз матлаби “Нархи газ дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад”. Вазири қазоқ расман камчинии газро эътироф кард” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио