Дар Хатлон чоргоник ба дунё омад. Духтурон барои саломатии модару кӯдак чораҳои лозима меандешанд

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як зани 27-сола чаҳоргоник ба дунё овард, ки пизишкон вазъи саломатии кӯдакон ва модари онҳоро вазнин – устувор арзёбӣ мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардухтури беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон Хушнуд Баҳодурзода хабар дод, рӯзи 14-уми январ ду писару ду духтар таваллуд шудаанд, ки вазни онҳо аз 1 […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як зани 27-сола чаҳоргоник ба дунё овард, ки пизишкон вазъи саломатии кӯдакон ва модари онҳоро вазнин – устувор арзёбӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардухтури беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон Хушнуд Баҳодурзода хабар дод, рӯзи 14-уми январ ду писару ду духтар таваллуд шудаанд, ки вазни онҳо аз 1 килою 600 грамм то 1 килою 700 грамм будааст.

Ба гуфтаи ӯ, модари кӯдакон Миҷгона Асоева, сокини деҳаи Қизилқалъа, пеш аз таваллуди чоргоник як фарзанд ба дунё овардааст.

“Аз таваллуди кӯдакон ду рӯз гузашт, онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд. Барои барқарор кардани саломатии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешем”, – афзуд Баҳодурзода.

Ӯ гуфт, ки пас аз ифтитоҳи маркази перинаталӣ дар бемористон шароити ташхис ва муолиҷаи беморон, бахусус тифлони навзод беҳтар шудааст. Ин марказ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он пизишкони варзида кор мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон чоргоник ба дунё меояд. Моҳи июни соли 2022 як сокини 27-солаи ҷамоати марзии Чоркӯҳи Исфара чаҳор духтар таваллуд кард. Онҳо бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаанд.

Дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Ҳангоми таваллуд духтурони таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Моҳи январи соли 2023 бошад, дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори нахуст дар Тоҷикистон 6 нафар – ду писару 4 духтар таваллуд шуд, вале баъди як рӯз тифлони навзод фавтиданд.

Бояд гуфт, ки сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст. Тибқи омори расмӣ шумораи аҳолӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 2,2 фоиз ё 200 ҳазор нафар меафзояд.

Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 ҷамъияти Тоҷикистон аз 11 миллион нафар мегузарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио