Даргузашти профессор Қутбиддин Мухторӣ, устоди ДМТ дар 54-солагӣ

Қутбиддин Мухторӣ, доктори илмҳои филологӣ ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шоми имрӯз, 7-уми феврал, дар 54-солагӣ аз олам даргузашт. Даргузашти марҳумро дӯстону пайвандонаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, Қутбиддин Мухторӣ то дирӯз аз саломатӣ шикоят надошт, вале шаби гузашта вазъи саломатияш якбора бад шуд ва ӯро ба беморхонаи “Шифобахш” (маъруф ба Қарияи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қутбиддин Мухторӣ, доктори илмҳои филологӣ ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шоми имрӯз, 7-уми феврал, дар 54-солагӣ аз олам даргузашт. Даргузашти марҳумро дӯстону пайвандонаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи онҳо, Қутбиддин Мухторӣ то дирӯз аз саломатӣ шикоят надошт, вале шаби гузашта вазъи саломатияш якбора бад шуд ва ӯро ба беморхонаи “Шифобахш” (маъруф ба Қарияи Боло) интиқол доданд.

“Муаллим як шабонарӯз дар шуъбаи кардиалогияи беморхонаи “Шифобахш” бистарӣ шуд ва тақрибан соати 17:00 дар беморхона аз олам чашм пӯшид. Ба эҳтимоли зиёд, Қутбиддин Мухторӣ аз сактаи қалб даргузашт”, – гуфт яке аз пайвандонаш.

Ҷанозаи марҳум пагоҳ, 8-уми феврал, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Қутбиддин Мухторӣ 28-уми ноябри соли 1970 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби миёнаи №19-и зодгоҳашро хатм кардааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) дар соли 1993 мебошад. Инчунин, фориғуттаҳсили курси дусолаи Донишгоҳи Стокголм аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.

Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998 то кунун дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорни ҷавон дарс мегуфт. Марҳум яке аз мутахассисини соҳаи иҷтимоӣ ва блогинг ҳам шинохта шуда буд.

Рисолаи номзадиро соли 2002 ва рисолаи докториро соли 2020 дифоъ кардааст.

Соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ буд. Солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ буд.

Аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон буд.

Гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus" ба пайвандону наздикони Қутбиддин Мухторӣ  ҳамдардии амиқ изҳор карда, барояшон сабру шикобоӣ мехоҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.