Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов

Муҷассамасози шинохта Иванов Игор Гуревич ҳафтаи гузашта дар 78-солагӣ дар Русия аз олам чашм пӯшида ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудааст. Дар ин бора дӯстони наздикаш ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи дӯстонаш, Игор Иванов рӯзи 23-юми апрел дар вилояти Нижний Новгород дар Русия даргузашта ва дар қабристони наздикии хонааш дафн шудааст. Ӯ 13-уми июни соли 1946 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хайкалтарош Гурия Иванов (яке аз муаллифони нишони РСС Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Солҳо дар Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Муҷассамасози шинохта Иванов Игор Гуревич ҳафтаи гузашта дар 78-солагӣ дар Русия аз олам чашм пӯшида ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудааст. Дар ин бора дӯстони наздикаш ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи дӯстонаш, Игор Иванов рӯзи 23-юми апрел дар вилояти Нижний Новгород дар Русия даргузашта ва дар қабристони наздикии хонааш дафн шудааст.

Ӯ 13-уми июни соли 1946 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хайкалтарош Гурия Иванов (яке аз муаллифони нишони РСС Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Солҳо дар Тоҷикистон умр ба сар мебурд ва соли 2022 бо оилааш ба Русия кӯч баст.

Игор Иванов Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассоми Душанбе ва Институти театрию рассомии Тошкандро хатм кардааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи рассомони СССР ва барандаи мукофоти “Комсомоли ленинӣ” аст. Рассоми хидматнишондода ва халқии Тоҷикистон мебошад.

Марҳум борҳо дар намоишномаҳои рассомии Тоҷикистон ва СССР ширкат кардааст ва асарҳояш дар галереяи Третяков дар Маскав, дар Осорхонаи санъати Шарқ дар Маскав ва инчунин дар коллексияҳои шахсии саросари ҷаҳон мавҷуд ҳастанд.

Эҷодиёти ӯ як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу санъати тоҷик гардидааст ва инҳо аз маъруфтарин корҳои Игор Иванов ҳастанд:

– Нимпайкараи Бобоҷон Ғафуров, дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

– Хиёбони барҷаста, Хоруғ;

– Барелефҳо дар Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон;

– Барелефҳо дар бинои Парлумон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.