Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт

Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷик дар 77-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар дод. Яке аз пайвандонаш ҳам ба “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки чанд муддат боз бемории қанд дошт ва аз он ранҷ мекашид. “Чанд вақт боз табобат […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷик дар 77-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ба Азия-Плюс хабар дод.

Яке аз пайвандонаш ҳам ба “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки чанд муддат боз бемории қанд дошт ва аз он ранҷ мекашид.

“Чанд вақт боз табобат мегирифтанд. Гурдаҳояшон ҳам иллат пайдо карда буд. Имрӯз тақрибан соати 16:50 дар хона аз дунё чашм пӯшиданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Парда Қосимро пагоҳ соати 10:00 дар яке аз масоҷиди Душанбе ҷаноза карда ва дар қабристони Лучоб ба хок месупоранд.

Парда Қосим 13-уми октябри 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда буд. Соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд.

Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.

Осори шуарои классик ва муосири тоҷик оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Наврӯзи оворагӣ», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Бӯса ба дарё задам» ва ғайра мебошанд.

Ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст ва ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуда буд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бинобар даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ баён мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.