“Ҳастиаш ҳунар буд”. Парда Қосимро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд

Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд. Дар маросими видои марҳум овозхонҳои шинохта ва чеҳраҳои маъруф ширкат карданд. Маросими видоъ бо Парда Қосим дар назди хонааш баргузор гашта, ҷанозааш дар Масҷиди марказии Тоҷикистон хонда шуд. Ин овозхони шинохтаи тоҷик бегоҳии дирӯз дар 77-солагӣ дар Душанбе аз […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд. Дар маросими видои марҳум овозхонҳои шинохта ва чеҳраҳои маъруф ширкат карданд.

Маросими видоъ бо Парда Қосим дар назди хонааш баргузор гашта, ҷанозааш дар Масҷиди марказии Тоҷикистон хонда шуд.

Ин овозхони шинохтаи тоҷик бегоҳии дирӯз дар 77-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чанд муддат боз бемории қанд дошт ва аз он ранҷ мекашид.

“Чанд вақт боз табобат мегирифтанд. Гурдаҳояшон ҳам иллат пайдо карда буд. Имрӯз тақрибан соати 16:50 дар хона аз дунё чашм пӯшиданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Парда Қосим 13-уми октябри 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда буд. Соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд.

Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.

Осори шуарои классик ва муосири тоҷик оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Наврӯзи оворагӣ», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Бӯса ба дарё задам» ва ғайра мебошанд.

Ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст ва ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.