Танҳо бо рақамҳои сабз! Талаботи нав барои соҳибони нақлиёти барқӣ

Минбаъд нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон танҳо бо рақамҳои сабз ҳаракат хоҳанд кард, аммо ҳоло дақиқ маълум нест, ки ин талабот барои ҳамаи нақлиёти барқӣ муқаррар шудааст ё танҳо барои нақлиёти барқии кирокаш. Як манбаъ аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба “Азия – Плюс” гуфт, ки тибқи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии амалкунандаи Агентии стандартизатсия, метрология, […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Минбаъд нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон танҳо бо рақамҳои сабз ҳаракат хоҳанд кард, аммо ҳоло дақиқ маълум нест, ки ин талабот барои ҳамаи нақлиёти барқӣ муқаррар шудааст ё танҳо барои нақлиёти барқии кирокаш.

Як манбаъ аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба “Азия – Плюс” гуфт, ки тибқи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии амалкунандаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо аз 2-юми апрели соли 2024, дар вақти бақайдгирии давлатӣ дар БДА ба воситаҳои нақлиёти барқии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликият, рақамҳои сабз дода мешавад.

“Айни ҳол ҳангоми бақайдгирии давлатии нақлиёт дар БДА ба нақлиёти барқии мусофиркаш чунин рақамҳо дода мешаванд. Аммо дар оянда ба ҳамаи нақлиёти барқии дар кишвар ҳаракаткунанда рақамҳои сабз дода мешавад”, – гуфт ин манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Нусаратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Азия – Плюс” гуфт, ки рақами сабз айни ҳол танҳо барои нақлиёти мусофиркаши барқӣ муқаррар шудааст.

Ӯ дар мавриди нақлиёти барқие, ки ба мусофиркашонӣ машғул нестанд, мушаххасан чизе нагуфт.

Танҳо зикр кард, ки барои гирифтани рақами сабз ҳам ширкатҳои мусофиркашӣ ва ҳам ронандагони кирокаш муроҷиат карда метавонанд.

Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 роҳандозӣ шудааст.

Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.