Адҳам Холиқов – операсарои машҳури тоҷик аз олам даргузашт

Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва операсарои машҳури тоҷик, дирӯз, 3 июл  дар 76-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод. Сабаби аз олам чашм пӯшидани ӯ маълум нест, вале гуфта мешавад, ки имрӯз дар Душанбе бо марҳум видоъ мекунанд. Адҳам Холиқов 7-уми майи 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, […]

Asia-Plus

Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва операсарои машҳури тоҷик, дирӯз, 3 июл  дар 76-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Сабаби аз олам чашм пӯшидани ӯ маълум нест, вале гуфта мешавад, ки имрӯз дар Душанбе бо марҳум видоъ мекунанд.

Адҳам Холиқов 7-уми майи 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1970 ва Консерваторияи давлатии Москваро соли 1979 хатм кардааст.

Солҳои 1970 – 1980 сарояндаи ансамбли "Красная звезда"-и Москва буд.

Маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Махсусан, маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад.

Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.

Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд дошта, дар саҳнаи театр якчанд нақшҳо (образҳо)-и ҷолиб офаридааст.

Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Дар 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.

Дар зиёда аз 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.