“Бо марги мардони ҳунар сайёра холӣ мешавад”. Маросими видоъ бо Заур Дахте

Имрӯз, 16-уми август ҷасади Заур Дахте, аксбардор ва наворбардори шинохтаи эронтабори тоҷик, ки дарӯз, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дар паҳлӯи мадфани падараш дафн карданд.  Яке аз наздикони ин хонавода ба “Азия-Плюс” гуфт, маҳз бо васияти худи марҳум ӯро дар канори падарш гӯрониданд. Заур Дахте 88 сол дошт, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Муҳаммадназар Шарифов, "Asia-Plus"

Имрӯз, 16-уми август ҷасади Заур Дахте, аксбардор ва наворбардори шинохтаи эронтабори тоҷик, ки дарӯз, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дар паҳлӯи мадфани падараш дафн карданд. 

Яке аз наздикони ин хонавода ба “Азия-Плюс” гуфт, маҳз бо васияти худи марҳум ӯро дар канори падарш гӯрониданд.

Заур Дахте 88 сол дошт, агар умр вафо мекард, пас аз ду рӯз 89 сола мешуд. Ӯ дирӯз, 15-уми август дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Мошини онҳо дар километрии 33-ум роҳи Душанбе Чаноқ, дар ҳудуди Варзоб, ба мошини боркаш бархӯрдааст. Дар натиҷа Заур Дахте аз сар осеб бардошта ба ҳалокат расидааст. Заур Дахте мошинро меронд ва ҳамроҳи пайвандони хеш ба яке аз истироҳатгоҳҳо мерафтаанд. Мусофирони дигар зинда мондаанд.

Маросими видоъ бо Заур Дахтеро дар гузориши "Азия-Плюс" бинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.