“Дар дилхоҳ ҷой метавонанд харанд”. Шарҳи Вазорати маориф ва илм ба баҳси хариди иҷбории сару либоси мактабӣ

Вазорати маориф ва илми кишвар дар пайи шикояти бархе волидайн дар бораи хариди иҷбории сару либоси мактабӣ гуфт, ин ниҳод масъалаи харидории либоси мактабиро ба танзим намедарорад ва коргоҳу корхонаи дӯзандагӣ надорад. Ин ниҳод бо пахши як изҳорот афзуд, падару модарон метавонанд аз дилхоҳ нуқтаи фурӯш сару либоси мактабӣ харанд. Бо оғози соли хониш ва […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми кишвар дар пайи шикояти бархе волидайн дар бораи хариди иҷбории сару либоси мактабӣ гуфт, ин ниҳод масъалаи харидории либоси мактабиро ба танзим намедарорад ва коргоҳу корхонаи дӯзандагӣ надорад.

Ин ниҳод бо пахши як изҳорот афзуд, падару модарон метавонанд аз дилхоҳ нуқтаи фурӯш сару либоси мактабӣ харанд.

Бо оғози соли хониш ва мавсими хариди сару либоси мактабӣ шикояти сокинони кишвар дар бораи он ки масъулини мактабҳо онҳоро барои хариди либоси мактабӣ ба коргоҳу корхонаи дӯзандагии махсус равон мекунанд, зиёд шуданд.

Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтааст, ки онҳо танҳо ранг ва намуди либоси мактабиро тавсия додаанд, на коргоҳу корхонаи дӯзандагиро.

Дар вокуниш гуфта мешавад, вазорат барои дастрас намудани либоси мактабӣ харидории маҳсулоти ватаниро тавсия додааст, вале дар сурати қонеъ набудан аз дилхоҳ ҷой харидории он иҷозат аст.

"Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки соли 2006 пешниҳод шудааст, танҳо тавсия барои ба танзим даровардани раванди пӯшидани либоси мувофиқ аст ва барои такмили тарбияи ахлоқӣ ва маънавии онҳо нақши муҳим мебозад”, – омадааст дар вокуниш.

Қаблан вазорат дар бораи чӣ гуна ҷувздон ва пояфзол доштани хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар мавҷуд набудани ягон дастурамал ё тавсияро тасдиқ карда буд. Дирӯз бошад вазорат гуфт, пӯшидани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳо низ маҷбурӣ нест.

Дар оғози мавсими хариди сару либоси мактабӣ хабарнигори "Азия-плюс" аз ярмаркаҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе дидан ва нархи онҳоро муқоиса карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.