КҲФ аз хатари омадани сел дар маҳалҳо дар ду рӯзи наздик огоҳ кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 27-28-уми сентябр дар як қатор навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо аз эҳтимол дур нест. Бо ишора ба ин, ин ниҳод аз сокинон даъват кардаст, ки қоидаҳои амниятиро риоя кунанд. КҲФ гуфтааст, ки аҳолиро зарур […]

Мазҳаб Ҷумаев

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 27-28-уми сентябр дар як қатор навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Бо ишора ба ин, ин ниҳод аз сокинон даъват кардаст, ки қоидаҳои амниятиро риоя кунанд.

КҲФ гуфтааст, ки аҳолиро зарур аст, ки барои пешгирӣ аз вуруди оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву сангу рег тоза кунанд.

Ҳамчунин, ҳангоми чамъоварии ҳезум, моҳидорӣ, чаронидани чорво ва шикор дар ҷойҳои хавфнок эҳтиёт бошанд.

"Ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳӣ, авто-мото ва велосипедронӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд", – зикр мекунад КҲФ.

Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 27 сентябр дар шаҳри Душанбе ҳавои нимаабрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ борони кӯтоҳмуддат (бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон, барф) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона борони шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шимоли кишвар низ ҳавои нимаабрӣ ва борон дар назар аст. Ҳаво рӯзона то 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ имрӯз ҳавои нимаабрӣ ва боронӣ пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо борони сабук дар назар буда, ҳарорати ҳаво рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ низ имрӯз борони кӯтоҳмуддат борида, ҳаво нимаабрӣ мешавад, ҳаво рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад. Умуман, дар ғарби ВМКБ рӯзона 18—23, дар шарқи вилоят 9—14 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.