Даргузашт Абдушариф Боқизода, донишманд ва ховаршиноси тоҷик

Абдушариф Боқизода, ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Иллати даргузашти ин донишманди тоҷик маълум нест. Ҷанозаи марҳум имрӯз, 27-уми сентябр пас аз адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (назди Донишкадаи исломии Тоҷикистон) […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Абдушариф Боқизода, ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Иллати даргузашти ин донишманди тоҷик маълум нест.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 27-уми сентябр пас аз адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (назди Донишкадаи исломии Тоҷикистон) баргузор хоҳад шуд.

Марҳум 10-уми январи соли 1964 дар Қаротегин таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар риштаи забони арабӣ дар соли 1994 ва фориғуттаҳсилли риштаи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Абдушариф Боқизода муаллифи чандин рисолаву асарҳои арзишманд ба монанди "Ислом раҳнамои халқҳо", "Таърихи ислом", "Ошноӣ бо Қуръон", "Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият", "Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ", "Тафсири навини Қуръони карим", "Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам" ва дигар китобҳо мебошад.

Солҳои охир ӯ дар Энсклопедияи миллии Тоҷик кору фаъолият мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.