Даргузашти “духтари газета” – Гулчеҳра Фозилова

Гулчеҳра Фозилова, собиқадори матбуоти тоҷик ва дорандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ дар 74-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Хабари даргузашти ӯро наздиконаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. Фозилова чанде пеш устухони пояш шикаст ва муддате бистарии бемористон буд ва шаби 31-уми октябр дар хонааш чашм аз олам баст. Маросими видоъ бо Гулчеҳра Фозилова дар назди хонааш – кӯчаи […]

Asia-Plus

Гулчеҳра Фозилова, собиқадори матбуоти тоҷик ва дорандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ дар 74-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Хабари даргузашти ӯро наздиконаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Фозилова чанде пеш устухони пояш шикаст ва муддате бистарии бемористон буд ва шаби 31-уми октябр дар хонааш чашм аз олам баст.

Маросими видоъ бо Гулчеҳра Фозилова дар назди хонааш – кӯчаи Шодӣ 6, н. Шоҳмансур (3 база, баъди гардиши “Аэропорт”) баргузор гашта, ӯро баъди намози ҷумъа дар масҷиди “Мелкомбинат” ҷаноза мекунанд.

Гулчеҳра Фозиловаро “духтари газета” мегуфтанд ва беш аз 50 сол дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (собиқ “Комсомоли Тоҷикистон”) фаъолият дошт.

Соли 2020 заҳматҳои беш аз нимасраи Гулчеҳра Фозиловаро ба назар гирифта, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ӯро бо Ҷоизаи Лоҳутӣ сарфароз гардонд.

Дар тули беш аз 50 соли фаъолият барои заҳматҳояш унвонҳои “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Медали 100-солагии матбуоти тоҷик”, ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро соҳиб гардида буд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бинобар даргузашти Гулчеҳра Фозилова ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ баён карда, аз даргоҳи илоҳӣ сабру шикебоӣ мехоҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.