Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров

Имрӯз Соҳиб Табаров, адабиётшиноси шинохта, мунаққиди варзида ва омӯзгори соҳибмактаби тоҷик 101-сола шуд. Ӯ аз нахустин касоне буд, ки даст ба нақди адабӣ зад ва мактаби нақднигориии адабии тоҷикро бунёд гузошт. Устод Табаров натанҳо осори адибони навроҳро, балки асарҳои чеҳраҳои шинохтае чун Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзодаро интиқод мекард ва муаллифон дар пайи нақди ӯ ба осорашон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз Соҳиб Табаров, адабиётшиноси шинохта, мунаққиди варзида ва омӯзгори соҳибмактаби тоҷик 101-сола шуд. Ӯ аз нахустин касоне буд, ки даст ба нақди адабӣ зад ва мактаби нақднигориии адабии тоҷикро бунёд гузошт.

Устод Табаров натанҳо осори адибони навроҳро, балки асарҳои чеҳраҳои шинохтае чун Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзодаро интиқод мекард ва муаллифон дар пайи нақди ӯ ба осорашон ислоҳот ворид мекарданд.

"Азия-Плюс" соли гузашта ба муносибати 100-солагии Соҳиб Табаров, бо истифода аз хотираҳои шогирдону навиштаҳои худи қаҳрамон, ба рӯзгору корнома ва нақди адабии ӯ нигоҳе андохта буд. Ба ифтихори зодрӯзи ин адиби тоҷик, маводи мазкурро дубора бознашр мекунем.

 

Соҳиб Табаров – мунаққиди забардасти адабиёт

Соҳиб Табаров дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун асосгузори мактаби нақди адабӣ шинохта мешавад. Ӯ ба таҳқиқоти адабӣ ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, соҳои 1940 шурӯъ карда, бо гузашти вақт яке аз саромадони нақди адабӣ гардид. Ӯ ҳамеша бар ин назар буд, ки нақди адабӣ на танҳо як соҳаи илм аст, балки як воситаи муҳим барои такмили адабиёт ва эҷодиёт мебошад.

Номбурда бо таҳқиқоти амиқ ва баррасии асоснок қолаби нави таҳлили асарҳои адабиро ба вуҷуд овард. Ба гуфтаи дигар мунаққидон, Табаров мафҳумҳои илмӣ, ба монанди таҳлили образи асар, арзиши иҷтимоӣ ва эстетикии он ва дидгоҳи ахлоқии нависандаро ба системаи нақди адабӣ ворид кард, ки он замон мафҳумҳои нав ва тарзи бархӯрди ҷадид ҳисобида мешуд.

Худи Соҳиб Табаров ҳам гуфтааст, ки ба нақд танҳо ҳамчун ҳунари нишон додани камбудиҳо нигоҳ намекард ва бар ин ақидаи буд, ки “нақди адабӣ бояд навиштаи созанда бошад, ки ҳадафаш на танҳо таҳлили асар, балки кӯмак ба муаллиф дар такмил додани он бошад”.

“Нақд яке аз мушкилтарин касбҳо аст. Мунаққид бояд ҳам олим бошад, ҳам файласуф, ҳам нависанда ва ҳам донандаи ҷаҳон. Баъзан мунаққидон, мисли Белинский, ба муаллимону роҳбарони нависандагон табдил меёбанд ва роҳнамо мешаванд”, – мегуфт Соҳиб Табаров.

Воқеан Соҳиб Табаров аз дигар олимон бо ҷасорат ва ростқавлӣ фарқ мекард ва ҳамеша бо воқеъият сухан мегуфт ва кӯшиш мекард, ки ҳақиқатро нишон диҳад, ҳатто агар ин боиси норозигии атрофиён мешуд.

 

Вақте Табаров асари Турсунзодаро нақд мекард…

Соҳиб Табаров ба бисёр асарҳои барҷастаи адабиёти тоҷик нақдҳо навиштааст. Яке аз муҳимтарин таҳлилҳои ӯ ба достони “Ҳасани аробакаш”-и Мирзо Турсунзода равона шудааст, ки он замон чеҳраи Тоҷикистон дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он буд.

Гарчанде ин асар ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷик шинохта шуда буд, Соҳиб Табаров ба он бо як диди интиқодӣ назар андохт. Ӯ дар баробари ситоиши дастовардҳои достон, ба нуқсонҳои он низ ишора кард ва маслиҳатҳои илмиву адабии муфид дод, ки баъдан аз ҷониби муаллиф қабул шуданд. Пас аз ин, Мирзо Турсунзода дар асоси маслиҳатҳои Соҳиб Табаров ба асар боз ислоҳот ворид кард.

Соҳиб Табаров на танҳо таҳлил мекард, балки бо тавсияҳои воқеӣ ва маслиҳатҳои самимӣ ба муаллифон кӯмак менамуд. Ин хислати ӯро дар муҳити адабӣ ҳамчун шахси ростқавл ва ҳақиқатпарвар машҳур гардонида буд.

 

Соҳиб Табаровро “Белинскийи тоҷик” мегуфтанд

Соҳиб Табаровро аксар вақт “Белинскийи тоҷик” меноманд, зеро мисли Белинский ӯ низ ба адабиёт бо як диди фалсафӣ ва иҷтимоӣ назар мекард. Табаров ба нависандагон ва шоирони насли худ ҳамчун устод ва роҳнамо хидмат мерасонд. Профессор Раҳим Мусулмонқулов, яке аз шогирдони Соҳиб Табаров дар бораи ӯ навиштааст:

“Соҳиб Табаровро бо Белинский муқоиса мекунанд, зеро ӯ услуби дақиқи баён ва диди амиқи иҷтимоӣ дошт. Соҳиб Табаров барои адабиёти тоҷик ҳамон нақшро иҷро кард, ки Белинский барои адабиёти рус”.

 

Худи Соҳиб Табаров менависад, ки “ҳар лаҳзаи ҳаёти худро ба омӯзиш, таҳлил ва навиштани асарҳои илмӣ, бадеӣ ва таҳқиқотӣ бахшидаам. Аз 14-солагӣ қалам ба даст гирифтам ва дар тӯли зиёда аз 70 сол онро раҳо накардаам”.

Дар ҳақиқат, агар ба феҳристи асарҳои илмӣ ва таҳқиқотии Соҳиб Табаров назар афканем, мебинем, ки ӯ хеле барвақт, ҳанӯз дар 14-солагӣ, ба навиштан оғоз кардааст. Ба гуфтаи худи ӯ, ягон рӯз бе хондан, таҳлили мақолае дар рӯзнома ё асари илмӣ, бе навиштани чизе дар дафтари хотира ва бе огоҳӣ аз хабарҳои илмӣ ё иҷтимоӣ намегузашт. Ин далели он аст, ки чӣ гуна ин инсони ғайриоддӣ нисбат ба худ сахтгир ва заҳматдӯст буд.

 

Мероси гаронбаҳои адабии Соҳиб Табаров

Соҳиб Табаров ҳамчун мунаққиди адабӣ, адабиётшинос, рӯзноманигор ва омӯзгор мероси бузурги илмиро аз худ ба мерос гузошт: беш аз 1000 мақолаҳо, нақдҳо, шарҳҳо, эссеҳо, паёмҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, хрестоматияҳо ва васоити методӣ барои муассисаҳои миёна ва олӣ.

Дар миёни онҳо корҳои бунёдии муҳим, мисли “Пайрав Сулаймонӣ”, “Зиндагӣ, адабиёт, реализми ҳаёт”, “С. Айни – асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик”, “Мунзим”, “Беҳбудӣ” ва дигарҳо мавҷуданд, ки ба масъалаҳои таърихи адабиёти асри ХХ-и тоҷик, эстетика ва назарияи адабиёт бахшида шудаанд. Ба вижа, ӯ ба масъалаҳои назарияи нақди адабӣ, матншиносӣ ва таҳлили муқоисавӣ диққати махсус додааст.

Фаъолияти илмии ӯ дар соҳаи омӯзиши таърихи навини адабиёти тоҷик ва нақдҳои адабии ӯ ба асарҳои нави нависандагони тоҷик дар нашрияҳои гуногуни илмӣ ва оммавӣ инъикос ёфтааст.

Ба зиндагии эҷодӣ, илмӣ ва ҷамъиятии Соҳиб Табаров тақрибан 100 китоб ва мақолаҳо дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо бахшида шудаанд.

 

Бунёдгузори мактаби нақди адабӣ

Соҳиб Табаровро метавон бунёдгузори мактаби нақди адабӣ дар Тоҷикистон номид. Ба гуфтаи огоҳон, мактаби ӯ таъсири бузурге ба рушди адабиёт дошт, ки то ҳол эҳсос мешавад ва яке аз бузургтарин дастовардҳои Соҳиб Табаров ҳам тарбияи як насли нави адабиётшиносон ва мунаққидон дониста мешавад.

Ӯ шогирдони худро на танҳо таълим медод, балки дар ташаккули шахсияти онҳо замина мегузошт. Шогирдони маъруфи ӯ, мисли Худойназар Асозода, Раҳим Мусулмонқулов, Лола Сулаймонова, Абдулҳай Абдуаминов, Асадулло Саъдуллоев, Аламхон Кучаров, Абдуҷаббор Раҳмонов, Салоҳиддин Солеҳов ва дигарон, на танҳо мероси илмии ӯро идома доданд, балки номи ӯро дар таърихи илми тоҷик зинда нигоҳ доштанд.

“Шумо имрӯз барои илм ва ҷомеа чӣ кор кардед?”, – ҳамеша аз шогирдонаш мепурсид Соҳиб Табаров.

Соҳиб Табаров инсоне буд, ки тамоми умри худро ба Ватан, мардум ва илму адабиёт бахшид. Ӯ бо истодагарӣ ва меҳнат на танҳо ба қуллаҳои илм расид, балки ҳамчун шахсияти шинохтаи фарҳангии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоссае пайдо кард.

Дар тӯли умр Соҳиб Табаров узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, доктори фахрӣ ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, соҳиби мукофотҳои сершумори давлатӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт шуд.

Мероси ӯ на танҳо барои насли имрӯза, балки барои оянда низ як ганҷи гаронбаҳост. Дар доираи мактаби адабиётшиносии тоҷик номи Соҳиб Табаров то абад боқӣ хоҳад монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.