Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ният дорад, ки Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2035-ро таҳия кунад. Намояндагони вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои  дохилӣ, тандурустӣ, ва Бонки миллӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе таҳияи ин ҳуҷҷатро баррасӣ кардаанд, менависад, сомонаи Вазорати нақлиёти  Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, чунин санад бо ҳадафи коҳиши ҳодисаҳои фавт ва ҷароҳат бардоштани аҳолӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ният дорад, ки Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2035-ро таҳия кунад. Намояндагони вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои  дохилӣ, тандурустӣ, ва Бонки миллӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе таҳияи ин ҳуҷҷатро баррасӣ кардаанд, менависад, сомонаи Вазорати нақлиёти  Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, чунин санад бо ҳадафи коҳиши ҳодисаҳои фавт ва ҷароҳат бардоштани аҳолӣ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ таҳия мешавад ва Тоҷикистон бо сохтани роҳҳои наву хушсифат барои кам кардани садамаҳои нақлиётӣ талош мекунад.

Ҳадафи стратегияи нав эҷоди шабакаи бехатари воситаҳои нақлиёт тавассути истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ мебошад.

Масъулин атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар  роҳҳо, мушкилоти асосӣ, суғуртаи ҳатмии мошин гуфтугӯ карда, масъалаҳои инфрасохтори бехатарии роҳ, суръати ҳаракат дар роҳ ва амалҳо пас  аз ҳодисаҳои садамавии роҳу нақлиёт баррасӣ шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохила дар Тоҷикистон дар соли 2024-ум, 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 –  1 ҳазору 111 садама) бештар мебошад.

Дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Бештари ҳолатҳо суръати баланд, ҳолати мастӣ, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, қоидавайронкунии пиёдагардон боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.