Мактаби №20 дар Душанберо тахриб мекунанд

Дар шаҳри Душанбе тахриби мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Пушкин оғоз шуд. Дар ҷойи бинои кӯҳна мактаби нави муосир сохта мешавад. Нимпайкараи Александр Пушкин барканда шуда, ба ҷойи дигар бурда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мудири мактаби мазкур Инна Сафронова хабар дод. Дар қаламрави мактаби №20 мактаби нави чорошёна сохта мешавад. Мактаби […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе тахриби мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Пушкин оғоз шуд. Дар ҷойи бинои кӯҳна мактаби нави муосир сохта мешавад. Нимпайкараи Александр Пушкин барканда шуда, ба ҷойи дигар бурда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мудири мактаби мазкур Инна Сафронова хабар дод.

Дар қаламрави мактаби №20 мактаби нави чорошёна сохта мешавад. Мактаби нав бо ошхона, китобхонаи электронӣ, майдони варзишии калон ва толори варзишӣ муҷаҳҳаз мешавад. Айни замон хонадагони мактаби №20 ба мактаби №55-и пойтахт гузаронида шуда, дар он ҷо ҳозир хатмкунандагон имтиҳон месупоранд.

 

Мактаби таърихӣ

Дар қаламрави мактаб нимпайкараи шоири маъруфи рус Александр Пушкин гузошта шудааст ва мактаб ҳам номи ин шоирро дорад. Тавре ки Инна Сафронова зикр кард, ин нимпайкараи калонтарини шоир дар ҷумҳурӣ буда, ҳифзу нигаҳдории он бо супориши вазир Матлубахон Сатториён зери назорати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар Вазорат низ ин маълумотро тасдиқ карданд.

Муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода дар ин робита изҳор намуд, ки ҷойи нав барои нимпайкарааи шоир баъдтар интихоб шуда, дар баркандан ва ба ҷойи нав интиқол додани он ҳеҷ мушкилие рӯйи кор нахоҳад омад.

Мактаби №20 соли 1938 сохта шуда, яке аз аввалин мактабҳо дар Душанбе аст. Замони Ҷанги Бузруги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар ин ҷо беморхона (госпитал) амал мекард. Ба хотири гиромидошти хонандагон ва омӯзгорони мактаб, ки ба ҷабҳаи ҷанг рафта, аз он ҷо дигар барнагаштанд, дар саҳни он лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.

Мудири мактаб Инна Сафронова бо дархости ҳифзу нигаҳдории ин лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи ҳалокшудагон низ муроҷиат намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио