Тақсимоти такрорӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо оғоз мешавад. Чиро бояд донист?

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИДМ) эълон шуд ва қисме аллакай донишҷӯ шуданд. Онҳое, ки дар даври асосӣ комёб нашуданд, метавонанд дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15-уми август баргузор мешавад, иштирок кунанд ва бахти худро дубора санҷанд. Ба маъмултарин саволҳо дар ин бора Маркази милли тестӣ (ММТ) ҷавоб мегӯяд. […]

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИДМ) эълон шуд ва қисме аллакай донишҷӯ шуданд. Онҳое, ки дар даври асосӣ комёб нашуданд, метавонанд дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15-уми август баргузор мешавад, иштирок кунанд ва бахти худро дубора санҷанд. Ба маъмултарин саволҳо дар ин бора Маркази милли тестӣ (ММТ) ҷавоб мегӯяд.

 

Ман ба тақсимот роҳ ёфтам, вале ба муассисае дохил нашудам, чӣ бояд кард?

Агар шумо ба тақсимот роҳ ёфтед, вале аз рӯйи ягон интихобатон комёб нашудед, метавонед дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15-уми август баргузор мегардад, иштирок намоед. Тақсимоти такрорӣ дар доираи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пас аз тақсимоти асосӣ холӣ мондаанд ва ё аз ҳисоби донишҷӯёне, ки пас аз доилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудаанд, гузаронида мешавад.

 

Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чӣ кор бояд кард?

Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ шуморо лозим аст аз давраи азнавбақайдгирӣ гузарад. Дар бораи макон ва замони азнавбақадгирӣ ММТ аллакай ба ҳар як довталаб паёмак фиристодааст. Агар ба шумо чунин паёмак нафиристоданд, метавонед бо рақамҳои 224-53-68, 224-53-73 ба ММТ муроҷиат карда, аз рӯзу макони азнавбақайдгирӣ огаҳ шавед.

Барои иштирок дар давраи азнавбақайдгирӣ ба ҳар як довталаб макон ва вақти инфиродӣ ҷудо шудааст, аз ин рӯ, масъулини ММТ аз довталабон хоҳиш доранд, танҳо дар рӯзу соати муақарраргардида ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Агар шумо бо сабаби узрноке дар вақти муайяншуда ба нуқтаи бароятон таъйингардида омада наметавонед, имкон доред ба нуқтаи дигари бароятон қулай ҳозир шавед, вале ҳангоми аз қайд гузаштан ҳатман бояд шахси масъулро аз ин огаҳ созед.

 

Барои азнавбақайдгирӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои азнавбақайдгирӣ довталабро лозим аст дар вақти муайяншуда ба нуқтаи бақайдгирии барояш муқарраргардида бо шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд (барои хатмкунандагони синфи 9) ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома, ки дар даври аввал дошт, ҳозир шавад. Арзиши азнавбақайдгирӣ 30 сомонӣ буда, он бояд дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хидматрасонии филиалҳои КВД “Амонатбонк” ё тариқи барномаи мобилии “Амонат мобайл” пардохт шавад.

 

Ман бояд аз нав имтиҳон супорам?

Не, барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ супоридани имтиҳон лозим нест. Тақсимот дар асоси холҳои қаблан бадастовардаи довталаб гузаронида мешавад.

Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталаб метавонад дар доираи 1 гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намояд. Рӯйхати ихтисосоҳои холӣ 11-уми август ба довталабон дастрас мешавад. Ҳамчунин, бо рӯйхат метавон дар нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ё сомонаи ММТ шинос шуд.

 

Ман метвонам дилхоҳ ихтисоси холиро интихоб намоям?

Не, интихоби ихтисосҳо тартиби худро дорад. Ҳамин тавр, довталабоне, ки дар даври аввал гурӯҳи ихтисосҳои 1-ро интихоб карда буданд, ихтисосҳои навро танҳо дар доираи ҳамин кластер ё гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2 метавонанд ихтисосҳои навро ҳам аз кластери худ ва ҳам аз кластери 1 интихоб намоянд. 

Довталабони кластери 3 имкони интихоби ихтисосҳои навро ҳам кластери худ ва ҳам аз кластери 1 ва 2 доранд. 

Довтлабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ро интихобкарда, метавонанд ихтисосҳои навро дар доираи ихтисоҳои гурӯҳи худ ва гурӯҳҳои 1 ва 2 интихоб кунанд.

Онҳое, ки гурӯҳи ихтисоҳои 5-ро интихоб карда буданд, имкон доранд ихтисосҳои навро аз гурӯҳ худ ва аз гурӯҳҳои 1 ва 2 интихоб намоянд.

Барои хатмкардаҳои синфи 9 бошад, тартиб каме дигаргуна аст. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1, 2, 3 ва 4-ро интихоб карда ихтисосҳои навро бояд танҳо дар доираи кластери худ интихоб намоянд. 

Онҳое, ки кластери 5-ро интихоб кардаанд, имкон доранд ихтисосҳои навро дар доираи дилхоҳ гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намяонд. 

Вазифаи довталаб бо ҳамин ба анҷом мерасад. Тақсимот ба таври автоматӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он 19-уми август мухтасар тариқи паёмак ва муфассал дар ҳуҷраи инфиродии довтлаб дар сомонаи марказ ба довталабон дастрас мегарданд. 

 

Агар ин дафъа ҳам муваффақ нашавам чӣ?

Барои довталабони аз тақсимоти иловагӣ комёб нагардида 24-26-уми август тақсимоти такрории иловагӣ гузаронида мешавад ва шумо метавонед бахти худро аз нав санҷед.

 

Мисол, ман ба бахши тиббӣ дохил шудам, аммо зимни гузаштан аз ташхиси тиббӣ маълум гардид, ки  духтур шуда наметавонам. Оё ман метавонад дар тақсимоти иловагӣ иштирок намоям?

Бале, дар чунин ҳолат шумо метавонед ба ММТ тестӣ муроҷиат намоед ва худро аз нав ба қайд гирифта, дар тақсимоти такрорӣ ширкат кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.