Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?

Дирӯз, 19-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин ҷо намоиш-фурӯши ҳосили ҷамъшудаи деҳқонону кишоварзон ва навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ҳошияи ҷашни Меҳргон ҳамчунин, фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур, Иди харбузаву каду, намоиши ғаладонагӣ ва ҷашнвораи “Оши палав” […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дирӯз, 19-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин ҷо намоиш-фурӯши ҳосили ҷамъшудаи деҳқонону кишоварзон ва навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ташкил шуд.

Дар ҳошияи ҷашни Меҳргон ҳамчунин, фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур, Иди харбузаву каду, намоиши ғаладонагӣ ва ҷашнвораи “Оши палав” баргузор шуданд.

Деҳқонону кишоварзон ва ангӯрпарварон аз минтақаҳои кишвар маҳсулоти худро то 40% арзонтар аз нархи бозор ба фурӯш гузоштанд.

Дар ҷашнвораи "Оши палов", ошпазҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, бо истифода аз биринҷи маҳаллӣ, оши минтақаи худро омода карданд. Ба сокинону меҳмонон оши палов ройгон дода шуд.

Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб таҷлил мегардад. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун рамзи сипосгузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати деҳқонон, эҳтиром ба ягонагии инсон ва табиат таҷлил карда мешавад.

Соли гузашта, ҷашни қадимаи деҳқонон – Меҳргон ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.