Олими тоҷик дар сафи беҳтаринҳои ҷаҳон. Фаррух Шарофзода кист ва дар илм чӣ дастовардҳо дорад?

Чанде пеш Фаррух Шарофзода, кимёшиноси тоҷик ба рӯйхати беҳтарин муҳаққиқони ҷаҳон шомил гардид. Ин ба он маъно аст, ки корҳои илмии ӯҳо дар соҳаи кимиёи растаниҳо ва метаболитҳои дуюмдараҷа аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуданд. Ба феҳристи "Беҳтарин 2% олимони ҷаҳон”, ки аз ҷониби Донишгоҳи бонуфузи Стенфорд ҳамасола таҳия ва нашр мешавад, ба ҷуз Фаррух Шарофзода инчунин, ҳамкасби тоҷики […]

Наима Раҷабова, Asia-Plus

Чанде пеш Фаррух Шарофзода, кимёшиноси тоҷик ба рӯйхати беҳтарин муҳаққиқони ҷаҳон шомил гардид. Ин ба он маъно аст, ки корҳои илмии ӯҳо дар соҳаи кимиёи растаниҳо ва метаболитҳои дуюмдараҷа аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуданд.

Ба феҳристи "Беҳтарин 2% олимони ҷаҳон”, ки аз ҷониби Донишгоҳи бонуфузи Стенфорд ҳамасола таҳия ва нашр мешавад, ба ҷуз Фаррух Шарофзода инчунин, ҳамкасби тоҷики ӯ, Мақсуд Саидаминов, устоди кафедраи кимиёи Донишгоҳи Викторияи Канада низ шомил гардид.

Бо ишора ба он ки "Азия-Плюс" чанд сол пештар дар бораи фаъолияти Саидаминов маводи алоҳида омода ва нашр карда буд, ин бор тасмим гирифт, ки дар бораи Фаррух Шарофзода, ки ҳоло ҳамчун ба ходими калон илмии “Маркази инноватсионии маҳсулоти табиии Чину Тоҷикистон”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) кор мекунад, мақола омода ва нашр кунад.

 

Соҳаҳои кори илмии Фаррух Шарофзода

Қаҳрамони мо ба фанни кимиё дар солҳои мактабхонӣ, тавассути падараш – омӯзгори кимиё Сафолбек Шарофов шавқу ҳавас пайдо карда буд. Қадами аввалини Фаррух дар роҳи илм, аспирантура дар Институти кимиёи ба номи Никитини АМИТ, зери роҳбарии профессорҳо Қӯқаниев ва Халифаев оғоз шуд, ки ба ӯ гузаронидани корҳои ҳақиқии илмӣ-таҳқиқотиро омӯзониданд.

Марҳилаи дигар иштирок дар барномаи "Fulbright Visiting Scholar Program" шуд, ки дар доираи он ӯ дар гурӯҳи илмии профессор Уилям Тетсер аз Донишгоҳи Алабама дар Хантсвилл (ИМА) таҳқиқот гузаронид.

“Ин ба ман таҷрибаи нодиру бебаҳо ва имкони роҳандозии ҳамкории байнулмилалиро дод, Маҳз профессор Шетсер ба ман навиштани мақолаҳои илмӣ ва нашри онҳоро дар маҷаллаҳои бонуфуз омӯзонид”,- ба хотир меорад олим.

Солҳои 2012-2015 Шарофзода таҳсилро дар докторантураи Донишгоҳи Ҳейделберг (Олмон) ва Донишкадаи дорусозӣ ва биотехнологияи молекулярӣ идома дода, зери роҳбарии профессорон Майкл Винк ва Штефан Вёлфл кор кард.

“Ин давраи калидӣ шуд, зеро маҳз он замон таҳқиқоти ман ба сатҳи баланди илмӣ расиданд”, – мегӯяд ӯ.

Дар идома, ӯ дар давраи таҳсили пас аз докторантура дар Донишкадаи кимиёи техникӣ ва физикаи Академияи илмҳои Синтзяни Чин як қатор лоиҳаҳои таҳқиқотиро амалӣ сохт.

Корҳои илмии Фаррух Шарофзода ба таҳқиқоти метаболитҳои дуюмдараҷаи растаниҳо – пайвастагиҳои кимиёвӣ мутамарказ шуда, бо растаниҳо синтез мешаванд ва дорои хусусиятҳои арзишманд мебошанд.

Агар метаболитҳои ибтидоӣ (карбогидрат, сафеда, равған, аминокислота, кислотаҳои нуклеинӣ) барои ҳаёти ҳар як растанӣ зарур бошанд, пас метаболитҳои дуюмдараҷа вазифаҳои махсуси худро анҷом медиҳанд ва танҳо дар навъҳои ҷудогонаи растаниҳо вомехӯранд. Ба онҳо равғанҳои эфирӣ, алкалоид ва флавоноидҳо дохил мешаванд – пайвастагиҳое, ки дорои хусусиятҳои равшани дорусозӣ мебошанд.

"Ин мавод ҷанбаҳои васеи фаъолмандии биологиро зоҳир мекунанд: зиддибактериалӣ, зиддисаратон, зиддиилтиҳоб ва зиддиоксидант”, – шарҳ медиҳад олим.

 

Эътирофи байнулмилалӣ  

Маҳаки асосие, ки ба Фаррух Шарофзода ҷиҳати шомил гардидан ба рӯйхати беҳтаринҳо имкон дод, сатҳи баланди иқтибос овардан аз корҳои илмии ӯ мебошад.

“Хушнудам, ки таҳқиқоти маро мехонанд ва ҳамтоёнам дар бисёр кишварҳо аз онҳо истифода мебаранд. Ин гувоҳи он аст, ки заҳмати мо арзиши воқеии илмӣ дорад”,-  мегӯяд ӯ.

Вале ба гуфтаи олим, эътирофи байналмилалӣ на танҳо як ифтихор, балки масъулият ҳам ҳаст:

“Мо, ҷомеаи илмии Тоҷикистон, бояд кишвари худро ба таври шоиста намояндагӣ кунем ва мунтазам сифати таҳқиқотро баланд бардорем”, – зикр мекунад ӯ.

Шарофзода мегӯяд, ки нашри мақолаҳои илмӣ бо забони англисӣ калидест ҷиҳати ҳамгироӣ ба илми ҷаҳонӣ: “Забони англисӣ забони илмист ва ба муҳаққиқони ҷавон лозим аст, ки онро балад бошанд, то ки дар арсаи байналмилалӣ шинохта шаванд”.

Ӯ зикр мекунад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои нодири табиӣ ва олами ғании растаниҳост. Ин дар соҳаи кимиёи пайвастагиҳои табиӣ, нанотехнологияҳо ва таҳияи маводи нав имкониятҳои зиёд фароҳам оварда, дурнамои хеле хуб дорад.

“Илм сарҳад надорад. Мо дар замони рушди босуръати биотехнологияҳо ва нанодорусозӣ зиндагӣ дорем. Тарзу усулҳои муҳандисии генетикӣ дар фурсатҳои наздик имкон медиҳанд, ки нуқсонҳо дар гени одам тасҳеҳ ва аз бемори ирсӣ пешгирӣ карда шавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.