Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?

Дар Тоҷикистон теъдоди нафақагирон қариб 880 ҳазор будаанд ва онҳое, ки аз 100-сола боло ҳастанд, 239 нафар ҳастанд. Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон теъдоди дақиқи нафақагиронро ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 877 ҳазору 206 нафар гуфта, таъкид кард, ки теъдоди нафақагирони аз 100-сола боло 239 нафар будааст. “Аз ҳама сину […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон теъдоди нафақагирон қариб 880 ҳазор будаанд ва онҳое, ки аз 100-сола боло ҳастанд, 239 нафар ҳастанд.

Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон теъдоди дақиқи нафақагиронро ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 877 ҳазору 206 нафар гуфта, таъкид кард, ки теъдоди нафақагирони аз 100-сола боло 239 нафар будааст.

“Аз ҳама сину соли баланд ду шаҳрванд – яке аз шаҳри Бохтар ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, ки ҳарду 113 сол доранд ва саломатияшон хуб аст”,-гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Ба қавли Ҳалимзод, ҳардуи онҳо мутаносибан 536 сомонӣ нафақа мегиранд. Фарзандони яке аз онҳо аллакай дар қайди ҳаёт набуда, набераҳояш нигоҳубин мекардаанд.

 

Дар умум, теъдоди нафақагирони аз садсола боло дар минтақаҳо чунин аст:

ВМКБ – 2 нафар;

Вилояти Суғд – 37 нафар;

Вилояти Хатлон – 103 нафар;

Шаҳри Душанбе – 13 нафар;

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 84 нафар.

Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, ки санҷишҳои ниҳоди онҳо нишон додааст, ки дар сину соли онҳо хатоӣ нест.

Ҳамчунин, аз теъдоди умумии нафақагирон дар кишвар, 172 ҳазору 538 нафар дорои маъюбият будаанд:

Гурӯҳи якум – 18  ҳазору 422 нафар;

Гурӯҳи дуюм – 85 ҳазору 221 нафар;

Гурӯҳи сеюм – 33 ҳазору 514 нафар.

Нафақагирони маъюбиятдоштаи то 18 сола – 33 ҳазору 381;

Кӯдакони ятимоли кулл – 1 ҳазору 82 нафар;

Кӯдакони нимятим – 79 ҳазору 205 нафар;

Маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) – 13 нафар;

Иштирокчиёни ҶБВ дар ақибгоҳ – 97 нафар.

Бояд зикр кард, ки тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ – 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ – 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ – 362 сомонӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.