Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст

То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳадОҷонсии омори кишвар. Ин нишондиҳанда қариб 215 ҳазор нафар зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2025 мебошад. Яъне афзоиш тайи соли охир ба 2% баробар шудааст. Шумораи аҳоӣ вобаста ба минтақаҳо ба ҳолати 1-уми январи соли равон: – вилояти Хатлон 3 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳадОҷонсии омори кишвар.

Ин нишондиҳанда қариб 215 ҳазор нафар зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2025 мебошад. Яъне афзоиш тайи соли охир ба 2% баробар шудааст.

Шумораи аҳоӣ вобаста ба минтақаҳо ба ҳолати 1-уми январи соли равон:

– вилояти Хатлон 3 млн 878,9 ҳазор;

– вилояти Суғд 3 млн 015,1 ҳазор;

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 298,6 ҳазор;

– шаҳри Душанбе 1 млн 291,8 ҳазор;

– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 236,4 ҳазор нафар.

Ҳамин тариқ, 36,2%-и аҳолии кишвар ба сокинони Хатлон, 28,1% ба Суғд, 21,5% ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 12% ба  Душанбе ва 2,2% ба ВМКБ рост меояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст

Соли 2025 аз ҷониби мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) 255,1 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши сабти таваллуд ба ҷуз ВМКБ, дигар дар ҳамаи минтақаҳои сабт шудааст:

– вилояти Суғд 1,4% (62,8 ҳазор таваллуд);

– вилояти Хатлон – 1,9% (105,4 ҳазор таваллуд);

– шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (57,9 ҳазор таваллуд);

– шаҳри Душанбе – 0,4% (25,6 ҳазор таваллуд);

– ВМКБ 2% кам шудааст (3,3 ҳазор таваллуд).

Дар муқоиса бо соли 2024, сабти фавтидагон 4,1% афзуда, 34,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Сабти фавтидагон дар минтақаҳо нисбат ба соли 2024-ум ба таври зайл афзоиш ёфтааст:

– вилояти Суғд 2,4% (11,3 ҳазор фавт);

– вилояти Хатлон – 4,1% (11,4 ҳазор фавт);

– шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (6,8 ҳазор фавт);

– шаҳри Душанбе – 5,1% (3,5 ҳазор );

– ВМКБ – 4,0% (946 фавт).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.