Амрико мехоҳад, пойгоҳи Багром дар Афғонистонро баргардонад. “Толибон” онро “хобу хаёл”-и Трамп номиданд

Амрико мехоҳад, ки пойгоҳи ҳавоии Багромро аз дасти Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон ҳоким ҳастанд, бозпас гирад. Аммо намояндагони "Толибон" мегӯянд, ки ҳеҷ гуна ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон намепазиранд. Ба иттилои хабаргузории “Afghanistan International”, Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 18-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ пас аз вохӯрӣ бо нахуствазири Бритониё Кир Стармер дар […]

Амрико мехоҳад, ки пойгоҳи ҳавоии Багромро аз дасти Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон ҳоким ҳастанд, бозпас гирад. Аммо намояндагони "Толибон" мегӯянд, ки ҳеҷ гуна ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон намепазиранд.

Ба иттилои хабаргузории “Afghanistan International”, Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 18-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ пас аз вохӯрӣ бо нахуствазири Бритониё Кир Стармер дар Лондон гуфт, "Толибон" ба кӯмаки ИМА муҳтоҷанд ва ин пойгоҳ барои Амрико аҳамияти стратегӣ дорад, зеро “он дар фосилаи як соат то маконе ҷойгир аст, ки он ҷо Чин силоҳҳои ҳастаӣ истеҳсол мекунад”.

Мақомоти "Толибон" ба ин суханҳо зуд вокуниш нишон дода, иддаои бозпас гирифтани пойгоҳро ғайримантиқӣ хонданд. Хабаргузории "ВВС" бо такя ба нигоштаи Зокир Ҷалол, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, менависад, ки Кобул барои чунин як муомила омода нест ва ҳеҷ гуна ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон намепазирад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон", ин хоҳиши Трампро “хобу хаёл” номида, таъкид кардааст, ки “пойгоҳи Багром дар ихтиёри нерӯҳои Аморати Исломӣ аст ва Афғонистон як кишвари мустақил мебошад”.

Чин низ дар вокуниши худ эҳтироми комил ба истиқлолият ва тамомияти арзии Афғонистонро эълон кард. Лин Тсян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, гуфт, ки ояндаи Афғонистон бояд дар дасти мардуми ин кишвар бошад ва эҷоди ташаннуҷ дар минтақаро нодуруст хонд.

BBC бо такя ба як манбаи расмии амрикоӣ навиштааст, ки дар айни замон ҳеҷ гуна нақшаи амалӣ барои бозпасгирии низомии пойгоҳи Багром вуҷуд надорад. Ин манбаъ, ки номаш ифшо намешавад, гуфтааст, чунин амалиёт ба даҳҳо ҳазор сарбоз, хароҷоти зиёд ва мушкилоти логистикӣ ниёз дорад.

Коршиносон низ бар ин назаранд, ки ҳатто агар "Толибон" бо муомилае ризоят диҳанд, пойгоҳ бояд аз таҳдидҳои гурӯҳҳои тундраве ба монанди Давлати Исломӣ (ДИИШ)* ва Ал-Қоида* муҳофизат карда шавад.

Пойгоҳи ҳавоии Багром, ки дар солҳои 1950-ум аз ҷониби Шӯравӣ сохта шуда буд, пас аз соли 2001 ба муҳимтарин пойгоҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон табдил ёфт. Дар авҷи ҳузури нерӯҳои эътилофӣ, он дорои тарабхонаҳои машҳур, аз қабили "Burger King" ва "Pizza Hut" буд. Нерӯҳои амрикоӣ ин пойгоҳро дар тобистони соли 2021, чанд ҳафта пеш аз хуруҷи пурраи худ, тарк карданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.