Ронандаи Mercedes дар Душанбе 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард

Рӯзи 7 декабр сокини шаҳри Душанбе Нуралӣ Ғаффорови 33-сола дар ҳолати сархушии зиёд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард. Тавре Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, автомашина нахуст бо суръати баланд ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст. Бар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи 7 декабр сокини шаҳри Душанбе Нуралӣ Ғаффорови 33-сола дар ҳолати сархушии зиёд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард.

Тавре Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, автомашина нахуст бо суръати баланд ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.

Бар асари ин садамаи нақлиёт Ҷамшед Абдухолиқови 39-сола, ҳамсари 33-солаи вай, фарзандони 8 ва 3-солаи ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Имрӯз, 8 декабр падари хонадон Ҷамшед Абдухолиқов аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона ҳалок шуд.

Нисбат ба ронандаи автомашина мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.