Тоҷикистон нахустин “Тафсири сиёсати савдои худ” -ро дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат рӯнамоӣ кард

Дар як ҷаласаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки аз 6 то 8-уми декабри соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо ҳузури намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардид, Тоҷикистон нахустин “Тафсири сиёсати савдо”- и худро рӯнамоӣ кард. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа ҳайати расмии Тоҷикистон зери роҳбарии […]

Дар як ҷаласаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки аз 6 то 8-уми декабри соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо ҳузури намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардид, Тоҷикистон нахустин “Тафсири сиёсати савдо”- и худро рӯнамоӣ кард. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа ҳайати расмии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ширкат намуд.

Завқизода зимни муаррифии тафсир гуфтааст, баъди узвияти Тоҷикистон сарфи назар аз таъсири паёмадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иктисодию молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфтааст.

Номбурда гуфтааст, ки маҳз дар ин давра бори аввал дар кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон таъсиси ёфт.

Ҳамчунин, раисикунандаи ҷаласа сафири Ботсвана дар назди СУС ва сафири Корея Таеҳо Ли зикр намудааст, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.

Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 баъд аз 11 соли давраи гуфтушунидҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон 159–ум узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.