Ӯзбекистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки таҳримҳо нисбати Афғонистон бекор карда шаванд

Дар Конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 рӯзи 8 декабр дар Тошканд вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки таҳримҳо нисбати Афғонистон бекор ва дороиҳои бандшудаи ин кишвар дар бонкҳои байнулмилалӣ раҳо карда шаванд. Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки мардуми Афғонистон дар ҳолати ниҳоят […]

Дар Конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 рӯзи 8 декабр дар Тошканд вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки таҳримҳо нисбати Афғонистон бекор ва дороиҳои бандшудаи ин кишвар дар бонкҳои байнулмилалӣ раҳо карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки мардуми Афғонистон дар ҳолати ниҳоят душвор қарор дошта, вазъияти башардӯстона дар кишвар ба фалокат наздик аст.

“Мо метавонем ба халқи афғон пурсамар ёрӣ расонем. Барои пешгирии фалокати башардӯстона ба Афғонистон долони башардӯстона боз кардан лозим аст. Ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки барои лағви таҳримҳо, озод кардани дороиҳои байналмилалии Афғонистон ва мусоидат ба барқарорсозии низоми бонкии ин кишвар чораҳо андешида шаванд”, – иброз доштааст Комилов.

Ӯ таъкид доштааст, ки "Ӯзбекистон ва Афғонистонро риштаҳои дӯстии чандинасра, таърихи муштарак, дин, урфу одат ва анъанаҳо мепайвандад".

«Дар ин кишвар ҳукумат нав шуд, ҳукумати муваққатӣ таҳти сарварии ҳаракати “Толибон”, ки мехоҳад аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Мо чунин мешуморем, ки дар воқеиятҳои кунунӣ бо мақомоти нави Афғонистон муколамаи созанда лозим аст. Аз ин рӯ, Ӯзбекистон аз аввалинҳо шуда таъсиси ҳукумати муваққатии Афғонистонро бо умеди фаъолияти муваффақонаи он ба нафъи ҷомеаи сермиллати Афғонистон истиқбол кард”, – гуфтааст Комилов.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки масъалаи калидӣ таҳияи стратегияи баъдиҷангии Афғонистон мебошад.

“Ҷалби бештари Афғонистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бояд афзалият боқӣ монад. Дар баробари ин, умедвор ва интизорем, ки хукуматдорони нави Афғонистон ваъда ва уҳдадорихои байналмилалии худро иҷро мекунанд”.

Баъди Кобулро зери назорат гирифтани толибон, бонкҳои ғарбӣ бо дастури Амрико дороиҳои хориҷии Афғонистонро баста, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузории лоиҳаҳоро мутаваққиф карданд.

Тибқи маълумоти хабаргузории РИА Новости, он замон дороиҳои Бонки давлатии Афғонистон 9 млрд доллар бо асъори хориҷиро ташкил дода, зиёда аз 7 млрд доллар дар бонкҳои ИМА маҳфуз буданд.

Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, дар баробари вазъи мушкили Афғонистон, дар конфронс инчунин масоили вобаста ба хатару чолишҳои замони муассир, мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти иқтисодӣ ва тандурустӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни Италия ва Осиёи Марказӣ матраҳ шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.