Дар Тоҷикистон имконоти васлсозии мошинҳои роҳсозии тамғаи “Made in Tajikistan” баррасӣ шуд

Таҳти раёсати намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков 8 декабр вохӯрии кории намояндагони ширкати ҶДММ “ОМГ Строительно-дорожные машины”-и Русия ва корхонаи ҶДММ “Ремспецмаш”-и Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷонибҳо ҷиҳати пешбурди таҷҳизоти борбардориаш вазнин, коммуналӣ ва роҳсозии истеҳсоли Русия барои эҳтиёҷоти бахши давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон ҳавасмандии мутақобилаи худро таъкид карданд. Ба гуфтаи Коренков, дар таҳвили […]

Таҳти раёсати намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков 8 декабр вохӯрии кории намояндагони ширкати ҶДММ “ОМГ Строительно-дорожные машины”-и Русия ва корхонаи ҶДММ “Ремспецмаш”-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати пешбурди таҷҳизоти борбардориаш вазнин, коммуналӣ ва роҳсозии истеҳсоли Русия барои эҳтиёҷоти бахши давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон ҳавасмандии мутақобилаи худро таъкид карданд.

Ба гуфтаи Коренков, дар таҳвили ин маҳсулот Чин пешсаф буда, аммо корхонаи Русия ба туфайли таносуби беҳтарини нарху сифати техникаи истеҳсолмешуда, барои рақобат дар бозори Тоҷикистон ҳамаи имконотро доро мебошад.

“Умедворам, ки ҳамкориҳои ҶДММ «Ремспецмаш» ва ҶДММ «ОМГ СДМ» дар самти ифтитоҳи маркази дилерӣ (намояндагӣ) марҳалаи нави ҳамкориҳои техникии Русия ва Тоҷикистон хоҳад гашт”, – таъкид доштааст Коренков.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ маркази расмии дилерӣ ва хидматрасонии ҶДММ “ОМГ СДМ”-и Русия боз шавад.

Дар дурнамои миёнамӯҳлат роҳандозии истеҳсолот дар дохили ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин дар навбати худ ҷамъу васли техникаро дар қаламрави Тоҷикистон зери аломати “Made in Tajikistan” дар назар дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.