СПАД зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистонро тақвият мекунад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба хотири таъмини амният дар минтақа зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Ин нуктаро зимни ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмон раиси ин Кумита, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов баён доштааст, менависад ТАСС. “Бо мақсади ҷойгиркунии гурӯҳҳои эътилофии нерӯҳои дастаҷамъии СПАД, самтҳои кори минбаъда оид ба беҳбуди зерсохтҳои ҳарбӣ дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба хотири таъмини амният дар минтақа зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Ин нуктаро зимни ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмон раиси ин Кумита, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов баён доштааст, менависад ТАСС.

“Бо мақсади ҷойгиркунии гурӯҳҳои эътилофии нерӯҳои дастаҷамъии СПАД, самтҳои кори минбаъда оид ба беҳбуди зерсохтҳои ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистон муайян шуданд”, – иброз доштааст Герасимов.

Тибқи арзёбии сардори Ситоди кулл, “ҳадафҳои дар ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ гузошташуда амалӣ гардида, натиҷаҳо ба таҳкими низоми амнияти дастаҷамъӣ ва ҳифзи суботи минтақа мусоидат хоҳанд кард”.

Дар пасманзари сари ҳокимият омадани “Толибон”, Русия ва кишварҳои дигари минтақа аз вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронии шадид мекунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.