Баррасии қонун «Дар бораи Пешвои миллат» дар палатаи болоии парлумон



Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки рӯзи 9 декабр аз ҷониби палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи болоии парлумон ирсол гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, қонуни мазкур дар иҷлосияи чоруми палатаи болоии парлумон даъвати панҷум, ки санаи 18 декабр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонунҳо «Дар бораи мубориза бо терроризм», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» низ баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки қонуни қабулшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад. Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное