Дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи 201 танҳо дар қаламрави пойгоҳ

Маълумоти пахшшуда дар чанде аз ВАО оид ба дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомии Русия ва аҳли оилаи онҳо начандон ба бандҳои созишномаи аввали моҳи октябр баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Дар ин робита сухангӯи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев


Маълумоти пахшшуда дар чанде аз ВАО оид ба дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомии Русия ва аҳли оилаи онҳо начандон ба бандҳои созишномаи аввали моҳи октябр баимзорасида миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқат мекунад.

Дар ин робита сухангӯи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дахлнопазирии ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ ва аҳли оилаи онҳо дар назди қонунгузории Тоҷикистон танҳо дар қаламрави мутааллиқ ба пойгоҳ амал мекунад ва дар сурати содир шудани қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо дар ин қаламрав, онҳо мутобиқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

«Агар ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ ва аъзои оилаи онҳо берун аз ҳудуди қаламрави пойгоҳ ба қонуншиканӣ даст зананд, онҳо мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавоб хоҳанд гуфт», – таъкид кард сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ.

Дар робита ба гуфтаҳои дабири кулли СААД Николай Бордюжа оид ба дахолат надоштани низомиёни Русия дар низоъҳои дохилии Тоҷикистон, номбурда иброз дошт, ки дарвоқеъ воҳидҳои низомии пойгоҳ танҳо дар сурати таҳдид аз хориҷи кишвар метавонанд истифода шаванд. «Айни замон Тоҷикистон барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ дар дохили кишвар аз нерӯву воситаи кофӣ бархӯрдор аст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.