Соли 2015 сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ 10% меафзояд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мавриди […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мавриди муҳокимаи ниҳоӣ қарор гирифт.

«Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо/муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз Умед Давлатзод «Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро муаррифӣ карда, дар ибтидо ҳадафҳои асосии онро зикр намуд, ки онҳо аз идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди табақаи миёна мебошанд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни муаррифии Стратегияи мазкур ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи сенарияи эҳтимолии сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 коҳиш ёфта, сатҳи табақаи миёна (тибқи меъёри байналмилалӣ) мутаносибан аз 19,5% то ба 29,4% расонида мешавад.

Дар Стратегия зикр мегардад, ки тақрибан 30%-и аҳолии Тоҷикистон ба гурӯҳи осебпазир шомиланд ва барои ворид гардидан ҳам ба табақаи камбизоатон ва ҳам табақаи миёна имконоти якгуна доранд. Ҳамин тариқ, Стратегия ба он равона гардидааст, ки ин гурӯҳи аҳолӣ бештар ба табақаи миёна ворид гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.