Коргоҳи нави дӯзандагӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

Дар маҳаллаи аҳолинишини Файзободи ҷамоати Даштигули ноҳияи Ҳамадонӣ як коргоҳи нави дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҷамоат Зиннатмо Ҳалимова хабар дод, коргоҳи нав ба туфайли маблағгузории фонди сарвари давлат ба истифода дода шуда, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занон мусоидат менамояд. Ба қавли вай, айни […]

Турко Дикаев


Дар маҳаллаи аҳолинишини Файзободи ҷамоати Даштигули ноҳияи Ҳамадонӣ як коргоҳи нави дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҷамоат Зиннатмо Ҳалимова хабар дод, коргоҳи нав ба туфайли маблағгузории фонди сарвари давлат ба истифода дода шуда, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занон мусоидат менамояд.

Ба қавли вай, айни замон дар коргоҳ 8 нафар занону духтарон ба кор шурӯъ карда, боз 16 нафари дигар пас аз омӯзиши касби дӯзандагӣ бо кор таъмин карда мешаванд. «Қаблан занону духтарон, бахусус наварӯсон сарулибоси худро дар маркази ноҳия ё ҳатто шаҳри Кӯлоб фармоиш медоданд, ки ин барои онҳо мушкилӣ дошт», – гуфт муовини раиси ҷамоат ва илова намуд, ки дар ноҳия ин панҷумин коргоҳи дӯзандагӣ буда, аллакай кормандони он фармоишоти зиёде гирифтаанд.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон бо соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати кушодани коргоҳи қаннодӣ ва дигар истеҳсолоти хурд гуфтушунид идома дорад, то ки занони ҷамоат бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.