Баррасии масоили инъикоси ҳуқуқи кӯдакон дар ВАО

Дар Душанбе зимни баргузории мизи гирд таҳти унвони «ВАО ва ҳуқуқи инсон» масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон бо истифода аз имконоти ВАО баррасӣ шуданд. Дар кори мизи гирд намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи макотиби олӣ ва ҳамчунин кормандони ВАО ва созмонҳои медиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мизи гирд аз ҷониби Иттиҳоди […]

ASIA-Plus


Дар Душанбе зимни баргузории мизи гирд таҳти унвони «ВАО ва ҳуқуқи инсон» масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон бо истифода аз имконоти ВАО баррасӣ шуданд.

Дар кори мизи гирд намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи макотиби олӣ ва ҳамчунин кормандони ВАО ва созмонҳои медиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мизи гирд аз ҷониби Иттиҳоди жуурналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

Зимни ибрози андеша дар чорабинии мазкур директори Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров изҳор кард, ки дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ маводи зиёде оид ба кӯдакон ба нашр расида, дар баъзе мавод бесалоҳиятии муаллифони он дар масъалаҳои ҳуқуқи кӯдакон ба мушоҳида мерасад.

«Ба нашри маълумоти носаҳеҳ роҳ дода шуда, шахсияти кӯдакон дар мухолифат бо қонун инъикос мегардад ва акс ё навори видеоии онҳо пешкаш гардида, дар ҳамин ҳол, принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ риоя намешавад ва рӯзноманигор мавқеи айбдоркунандаро ишғол мекунад, ки метавонад ба тамғазанӣ (стигма) боис гардида, ба ислоҳи минбаъдаи кӯдак монеъа эҷод созад», – иброз дошт С.Сафаров.

Ба қавли ӯ, мушкилоти дигар доимӣ набудани нашри маводи хушсифат дар масъалаи ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи қудакон, норасоии рӯзноманигорони самти инъикоси мушкилоти риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи кӯдакон аст.

Сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Шоев ҳалли масъалаи мазкурро дар роҳандозии барномаи омӯзишӣ  оид ба масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон дар факулта ва шуъбаҳои журналистикаи макотиби олӣ мебинад.

Дар навбати худ, мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов изҳор дошт, ки соли равон дар барномаи таълимии факултаи журналистикаи донишгоҳ фанни алоҳидаи «Ҳуқуқи кӯдакон дар ВАО» ҷорӣ шудааст.

«Айни замон ин фан барои донишҷӯёни курсҳои чорум таълим дода шуда, минбаъд оғози таълими он аз курси дуюм аз эҳтимол дур нест», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.