Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа

spot_imgspot_img

Дата:


Давраи таҷрибаомӯзии адвокатҳо барои кӯмак баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Институти ҷомеаи кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир гардид, ба итмом расид. Давраи таҷрибаомӯзӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Романов хабар дод,  тӯли 4 моҳ дар заминаи қабулгоҳи ҳуқуқии созмон 5 нафар ҳимоятгарони ташкилотҳои гуногун аз давраи таҷрибаомӯзӣ гузаштанд.

«Дар машғулиятҳои назариву амалӣ масоили таълим ва риояи меъёрҳои милливу байнулмилалӣ дар бахши озодӣ аз шиканҷа, вижагиҳои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ҳимояи манофеъи онҳо, таҳияи дурусту саҳеҳи асноди мурофиавӣ ва баргузор намудани таҳлили парвандаҳои ҷиноии марбут ба ин ҳолатҳо мавриди омӯзишу амал қарор гирифтанд», – гуфт вай.

Романов мегӯяд, ҳанӯз чанде қабл норасоии ҳимоятгарон барои ҳифзи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ба мушоҳида мерасид ва имрӯз аллакай шумори онҳо чандин нафарро ташкил медиҳад. «Давраҳои омӯзишии ба ин монанд дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд», – афзуд номбурда. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...