Оғози татбиқи лоиҳаи нави Бунёди Оғо Хон дар Хатлону ВМКБ

spot_imgspot_img

Дата:


Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон ба амалисозии лоиҳаи нави «Мутолиаи оилавӣ барои кӯдакон дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшид.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғо Хон дар заминаи таҷрибаи муваффақи чунин лоиҳа, ки аз соли 2010 дар ВМКБ санҷидаву амалӣ мегардад, татбиқ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бунёди Оғо Хон дар ҶТ хабар доданд, лоиҳа дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷиликӯл, Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Ёвон, Вахш, Сарбанд, Мӯминобод ва Ховалинг) ва се ноҳияи ВМКБ (Рӯшон Роштқалъа ва Ишкошим) амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакони синнусоли томактабӣ ба мутолиаи китобҳои шавқовар, беҳбуди қобилияти хондану навиштан, забондониву саводнокӣ ва фикрронии онҳо мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи таҳсили онҳо дар зинаҳои дигари таълим заминаи боэътимод мегузорад.

Менеҷери Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов дар ин робита изҳор кард, ки тӯли ду соли давраи татбиқи лоиҳа 246 адад китобхонаҳои хурд таъсис дода шуда, ҳудуди 300 номгӯйи китобҳои нав барои кӯдакони синнусоли томактабӣ ба нашр хоҳанд расид. «Дар маҷмӯъ лоиҳа ба наздики 15,7 ҳазор падару модарон дар таълими фарзандон ва 26, 2 ҳазор нафар кӯдакон дар омодагӣ ба таҳсил кӯмак хоҳад расонид», – афзуд номбурда.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...