Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Пас аз пешниҳоди Гузориши 2-юми ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, аз ҷониби ин Кумита ба Тоҷикистон як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Аз ҷумла Кумита аз чораҳои қонунгузорӣ нисбат ба пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа ва муқаррар намудани ҷазо ба онҳо ва ворид гардидани моддаи алоҳидаи шиканҷа дар қонун истиқбол намуда, дар баробари ин тавсия медиҳад, ки ба ин модда тағийрот ворид карда шавад, то ки ҷазо барои шиканҷа сатҳи вазнинии онро ифода намуда, ба талаботи моддаи 4-и Конвенсияи зидии шиканҷа мутобиқат дошта бошад.

Аъзои Кумита ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки соли 2011 Қонун дар бораи афв ба мақомоти прокуратура ҷиҳати озод кардан, сабук намудани ҷазо ва коҳиши муҳлати ҷазои гунаҳкорон барои шиканҷа ваколатҳои зиёд дод.

«Қонун дар бораи афв бояд муқаррароти дақиқеро дар бар дошта бошад, ки дар он ҳеҷ як шахси барои истифодаи шиканҷа маҳкумшуда набояд аз ҳуқуқи истифода аз афв ҳуқуқ дошта бошад ва инро бояд кишвари узви Конвенсия таъмин кунад», – зикр мегардад дар яке аз тавсияҳо.

Ҳамчунин аз марги маҳбусону боздоштшудагон зимни боздошт ё дар муассисаи ислоҳӣ низ изҳори нигаронӣ шуда, баргузории тафтишоти саривақтӣ, беғаразона ва дақиқи ҳодисаҳои марбут ба шиканҷа ва кирдори бераҳмона дархост шудаву ба муҷозот кашидани масъулону гунаҳкорони ин ҳодисаҳо ва пардохти ҷуброн ба оилаҳои ҷабрдидагон тавсия мешавад.

Ҳамчунин Кумита аз кишвари узв дархост мекунад, ки дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаву марги маҳбусон дар муасисаҳои ислоҳӣ ва сабабу натиҷаҳои тафтишоти он саривақт маълумоти ҳамаҷониба пешкаш карда шавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...