Кӯмаки USAID дар сохтмони мактаби ибтидоӣ дар Ашт

Барномаи «Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон» (ББСТ)-и  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохтмони  мактаби ибтидоиро дар деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт ба итмом расонид. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи аз синфи 1 то 4 фароҳам оварда, 4 муаллим  ва директори мактабро […]

ASIA-Plus


Барномаи «Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон» (ББСТ)-и  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохтмони  мактаби ибтидоиро дар деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт ба итмом расонид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи аз синфи 1 то 4 фароҳам оварда, 4 муаллим  ва директори мактабро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд.

Дар маросими супоридани мактаб, хонума Макдоналд қайд намуд: «Ягон давлат бе дастгирии ҷавонони бомаърифат қуллаҳои баланди пешравиҳоро фатҳ ва сатҳи қашшоқиро паст накардааст. Аз ҳамин сабаб, мо бояд боварӣ ҳосил кунем,  ки фарзандонамон соҳиби маълумоти босифат шаванд. Бахусус ин барои духтарон муҳим аст, зеро онҳо на танҳо шаҳрванди фаъол бояд бошанд, балки бояд модарони бомаърифат шаванд, то ки фарзандони босаводро ба камол расонанд.»

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Ашт, ҷаноби Азизов Азимбой, раиси ҷамоати Ошоба, Муминов Абдулҳай, волидон, кӯдакон ва аҳолии маҳал низ иштирок карданд.

ББСТ нисбати таҳкими сулҳу субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути мусоидат намудан ба идоракунии беҳтар ва ҷалб намудани гурӯҳҳои «таҳти хавф қарор дошта» ва дарканормонда ба раванди фаъолгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Барномаи мазкур бо аъзоёни ҷомеа ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар 63 ҷамоатҳои деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва қисми ҷанубии вилояти Хатлон фаъолият мекунад. 

Барномаи Беҳдошти субот дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ мешавад. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани сохторҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.