Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни тоҷик ба Эрон раҳсипор шуданд

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини иборат аз 41 нафар донишҷӯёни тоҷик баҳри таҳсил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири бахши барномаҳои байнулмилалии Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусаттор Одинаев хабар дод, боз 38 нафари дигар дар бораи қабул ба макотиби олии Эрон тасдиқномаи расмӣ гирифта, дар фурсати наздиктарин ба Эрон […]

Маҳпора Каримова


Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини иборат аз 41 нафар донишҷӯёни тоҷик баҳри таҳсил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири бахши барномаҳои байнулмилалии Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусаттор Одинаев хабар дод, боз 38 нафари дигар дар бораи қабул ба макотиби олии Эрон тасдиқномаи расмӣ гирифта, дар фурсати наздиктарин ба Эрон фиристода мешаванд.

«Дар Эрон ҳуҷҷатҳои 79 нафар довталабони тоҷик, ки тибқи барномаи таълими хориҷӣ таҳсил мекунанд, омода гардида, рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда 20 нафар ва нимаи моҳи декабр боз 18 нафар донишҷӯён ба Эрон раҳсипор мегарданд. Ҳар кадоме аз онҳо бо идропулӣ ва хобгоҳ таъмин карда хоҳад шуд», – гуфт Одинаев.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, айни замон дар макотиби олии Эрон ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни тоҷик расман ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.