Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ озими Ашқобод шуд

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо масоили ҳамкориҳоро оид ба самтҳои асосии муносибатҳо дар […]

ASIA-Plus


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо масоили ҳамкориҳоро оид ба самтҳои асосии муносибатҳо дар чаҳорчӯби фаъолияти Иттиҳод, аз ҷумла, таҳкими амният, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи табиат ва муҳити зист, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва моддию техникӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Ашқобод ҷаласаи сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.