Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вақти интиқоли барқ ба аҳолӣ коҳиш дода шуд.
Ба қавли сармуҳандиси муассисаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Шарифхон Исоев, агар аввали моҳи ноябр истеъмолгарон 9 соат – аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 17 то 23-и шом бо барқ таъмин мешуданд пас имрӯз онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6 соат – аз соати 6 то 7:30-и субҳ ва аз соати 17:30 то 21-и шом бо барқ таъмин мегарданд.
Ба гуфтаи вай, аввали моҳи ноябр ба минтақа шабонарӯзӣ 2 млн. 440 ҳазор кВт/соат ва ба шаҳри Қӯрғонтеппа 567 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ҷудо мегардид. «Феълан мо шабонарӯзӣ 2 млн. 550 ҳазор ва барои шаҳри Қӯрғонтеппа бо 752 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ таъмин мегардем, вале ба иллати сард шудани обуҳаво ҳаҷми истеъмол низ афзуда, мо маҷбурем, ки вақти интиқоли барқро барои аҳолӣ коҳиш диҳем», – гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, дар минтақа низоми гармидиҳӣ фаъолият надошта, газ ҳам нест ва аз ин рӯ, тамоми вазнинӣ ба дӯши шабакаҳои барқӣ вогузор мешавад. «Агар ин низомҳо кори устувор дошта бошанд, мо вақти интиқоли барқ ба аҳолиро зиёд карда метавонем», -иброз дошт Исоев.



